Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » “ШОҲНОМА” БА КӮЛОБ РАСИД


“ШОҲНОМА” БА КӮЛОБ РАСИД




Дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳасари безаволи адабиёти классики тоҷик — «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба шаҳри Кӯлоб расид. Тибқи нақша, ин туҳфаи пурарзиш ба 35 ҳазору 879 хонаводаи шаҳр дар чор ҷамоати деҳот аз ҷониби гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда мешавад.

Ин иқдом ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он таҳкими ҳувияти миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, боло бурдани худшиносию ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба мероси адабӣ ва фарҳангии гузаштагон мебошад.
Сокинони шаҳри Кӯлоб ҳангоми дарёфти ин туҳфаи маънавӣ бо эҳсоси ифтихор изҳор доштанд, ки ин иқдоми фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи руҳияи ватандӯстӣ нақши муҳим мегузорад.

Мардуми шарифу фарҳангдӯсти шаҳри Кӯлоб таъкид намуданд, ки ин туҳфаи маънавӣ рамзи арҷгузорӣ ба ниёгони бузург, эҳёи фарҳанги миллӣ ва пайванди устувори наслҳои гузаштаву имрӯза мебошад.

Ёдовар мешавем, ки нашри нави «Шоҳнома» дар ду ҷилд ва бо теъдоди 1 миллиону 700 ҳазор нусха ба табъ расидааст. Ин шоҳасар бо сифати баланд ва тарҳи зебо омода гардида, ба ҳар хонадони мамлакат ҳамчун рамзи худшиносии миллӣ тақдим мегардад.

Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода