Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ НИЗ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД


НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ НИЗ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД



Имрӯз, 28 октябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Носири Хусрав дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуда, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд. 

Раиси вилоят зимни суханронӣ  бо хоҷагидорону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати иҷрои дурнамои истеҳсолии пахта изҳори сипосу миннадорӣ намуданд.

Бояд зикр намуд, ки пахтакорони ноҳияи Носири Хусрав дурнамои ҷамъоварии пахтаро 100 фоиз иҷро намуда, то имрӯз 6 ҳазору 808 тонна "тиллои сафед" ҷамъоварӣ кардаанд.

Бояд гуфт, ки таъмини дурнамои пешбинигардида баробари ғанӣ гардидани дороиҳои хоҷагидорон, ҳамчунин баҳри таъмини фаъолияти мунтазами корхонахои коркарди ашёи хом мусоидат менамояд.

Мувофиқи иттиллоъ, айни замон дар нохияи Носири Хусрав корхонаи пахтатозакунӣ фаъолият дошта, дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорону пахтакорон ҳосили ҷамъоваригардидаро саривақт қабул ва коркард намуда истодаанд.

Дурнамои 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон имсол 254300 тонна мебошад, ки ба ҳолати 27 октябр 243192 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ин баробари 96 дарсади дурнамои солона мебошад. 

Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакор то ин имрӯз 14 шаҳру ноҳия -   Левакант, Бохтар, Дустӣ, Ёвон, Данғара, Вахш, Хуросон, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён,  Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав пурра аз иҷрои дурнамои пахта баромадаанд.

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода