Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » СӮҲБАТ - ВОХӮРӢ ДАР ДОИРАИ УСУЛИ «ФАКУЛТЕТ БА ФАКУЛТЕТ»


СӮҲБАТ - ВОХӮРӢ ДАР ДОИРАИ УСУЛИ «ФАКУЛТЕТ БА ФАКУЛТЕТ»




Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар асоси нақшаи кории фаъолияти муштараки сохторҳои дахлдори самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо иштироки сохторҳои вилоятӣ оид ба корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ бо усули "Факултет ба факултет" доир гардид.

Дар чорабинӣ Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини ректор оид ба таълим, намояндагони раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса иштирок доштанд.

Нухуст, Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини ректор оид ба таълим баромад намуда, оид ба мақсади татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ миёни ҷавонон андешаронӣ намуд.



Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон нақши ҷавононро дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва муқовимат бо зуҳуроти номатлуб муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки чунин мулоқоту хонишҳои сиёсӣ барои баланд бардоштани ҷаҳонбинии сиёсӣ, худогоҳии миллӣ ва саҳмгузории ҷавонон дар рушди ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Ҳамзамон, намояндагони сохторҳои дахлдор дар мавзуъҳои тарбияи ватандӯстӣ, аҳамияти риояи қонун, нақши занону духтарон дар ҷомеа, пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ҷавонон фикру андешаҳои худро баён доштанд.

Дар охир, изҳори умед карда шуд, ки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав минбаъд низ бо дониш, фарҳанг ва масъулиятшиносии худ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Комрони БАХТИЁР,
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода