Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ХАТЛОН. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ 100 ФОИЗ ИҶРО ГАРДИД


ХАТЛОН. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ 100 ФОИЗ ИҶРО ГАРДИД




Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар вилояти Хатлон ба ҳолати 24- уми октябр пеш аз мӯҳлат ба анҷом расид.

Маҳз натиҷаи ҳамкории доимӣ, гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ, ташкили як қатор чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо баланд гардидани масъулияти ҷавонписарону волидони онҳо боис гардид, ки теъдоди шаҳрвандони ихтиёрӣ, аз ҷумла ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, фарзандони шахсони мансабдор ва хатмкардагони Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”, ки мутахассисони касбу соҳаҳои гуногунро барои Артиши миллӣ омода менамояд, хеле зиёд ба назар мерасад. 

Илова бар ин, шаҳрвандони кишвар имрӯз дастгириву ғамхориҳои доимии давлату ҳукумати мамлакатро нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчиёни ҳарбӣ ва фароҳам овардани беҳтарин шароитҳои хизмативу майишӣ дар қисмҳои низомӣ, бо қаноатмандӣ дарк намуда, барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан, саривақ ба комиссияҳои давлатии даъват ҳозир мешаванд.

Комрони Бахтиёр,
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода