РАИСИ ВИЛОЯТ МАРКАЗИ ИНКИШОФИ БАРВАҚТИИ КӮДАК ДАР НАЗДИ МТМУ №62-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 27 октябр, дар доираи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Ғуломсаид Холови ноҳияи Кӯшониён Маркази инкишофи барвақтии кӯдакро дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Лоиҳаи "Инкишофи барвақтии кӯдакон дар Тоҷикистон" ва мамлағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ сохта шудааст.
Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 62 воқеъ дар ҷамоати деҳоти Заргар ҷойгир буда, аз 6 утоқи корӣ, аз ҷумла 2 синфхона, як хонаи омӯзгорон, анборхона ва дигар ҳуҷараҳои ёрирасон иборат мебошад.
Бо ба истифода додани Маркази инкишофи барвақтии кӯдак якчанд нафар омӯзгорон бо ҷои кор ва маоши баланд таъмин гардиданд.
Иншооти мазкур бо тарҳ ва намои муосир аз ҷониби ҶДММ "Бинои устувор" бунёд гардида, дар он шароити лозимаи дарсомӯзӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин дар назди бинои Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон як майдончаи бозии кӯдакона бунёд гардида, дар он арғончак ва суҳбаткадаҳо насб карда шудааст.
Зимни боздид аз иншооти мазкур раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба корҳои онҷомдодашуда баҳои баланд дода, бунёди чунин як муассисаи нави таълимиро идомаи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли наврас маънидод карданд.
Ҳамзамон, ба кӯдакону наврасон аз ҷониби раиси вилоят туҳфаҳо тақдим карда шуд.
"Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00