БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ КОРХОНАИ РАВҒАНИ БОХТАР ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 27 октябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Кӯшониён аз корхонаи равғани Бохтар, ки дар заминаи ҶДММ "Инвест-Котон" бунёд гардидааст, боздид намуданд.
Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки корхона дар як шабонарӯз 4 тонна равғани поки хуштаъм ва ширини коркардшудаи пахтаи навъи якумро истеҳсол менамояд.
Корхона аз сехҳои равғанҷабӣ, ширинкунӣ ва бандубаст иборат мебошад. Дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз давлати Чин ворид гардида, васлу насб карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар корхонаи равғани Бохтар ашёи хом аз ҶДММ "Инвест-Котон" дастрас гардида, дар ҳаминҷо коркард карда мешавад.
Дар иншооти истеҳсолӣ 40 нафар сокинон дар ду баст бо ҷои кори доимӣ таъмин мебошанд.
"Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00