НОҲИЯИ КӮШОНИЁН НИЗ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 27 октябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҶДММ "Инвест-Котон"-и ноҳияи Кӯшониён дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуда, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд.
Раиси вилоят зимни суханронӣ бо хоҷагидорону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати иҷрои дурнамои истеҳсолии пахта изҳори сипосу миннадорӣ намуданд.
Бояд зикр намуд, ки пахтакорони ноҳияи Кӯшониён дурнамои ҷамъоварии пахтаро 100 фоиз иҷро намуда, то имрӯз 22 ҳазору 753 тонна "тиллои сафед" ҷамъоварӣ кардаанд.
Гуфта шуд, ки имсол дар ноҳия аҳли заҳмат дар масоҳати 10 ҳазору 730 гектар навъҳои пунбадонаи ба шароити минтақа мутобиқро кишт намуда, дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани марҳилаҳои парвариш, тавонистанд аз киштаҳои худ ҳосили интизории пахтаро ба даст биёнранд.
Бояд гуфт, ки таъмини дурнамои пешбинигардида баробари ғанӣ гардидани дороиҳои хоҷагидорон, ҳамчунин баҳри таъмини фаъолияти мунтазами корхонахои коркарди ашёи хом мусоидат менамояд.
Мувофиқи иттиллоъ, айни замон дар нохияи Кӯшониен 12 корхонаи пахтатозакунӣ фаъолият дошта, дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорону пахтакорон ҳосили ҷамъоваригардидаро саривақт қабул ва коркард намуда истодаанд.
Ба ин хотир, ба пешсафони истеҳсолот аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дурнамои 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон имсол 254300 тонна мебошад, ки ба ҳолати 27 октябр 241335,1 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ин баробари 95 дарсади дурнамои солона мебошад.
Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакор то ин имрӯз 11 шаҳру ноҳия - Левакант, Бохтар, Дустӣ, Ёвон, Данғара, Вахш, Хуросон, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Кӯшониён пурра аз иҷрои дурнамои пахта баромадаанд.
"Хатлон"
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...