Таъиноти кадрӣ дар соҳаи тандурустии вилояти Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Бо пешниҳоди раиси вилояти Хатлон ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Искандаров ба вазифаи сартабиби Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ба номи А. Ҳақназаров таъин гардид.
Имрӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид мутахассиси навтаъинро ба ҳузур пазируфта, ҷараёни фаъолияти муассисаҳои тиббии минтақаи Кӯлобро баррасӣ намуда, ба масъалаҳои мубрами соҳа дахл кард.
Раиси вилоят зимни суҳбат таъкид дошт, ки беҳтар гардондани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, таъмини беморхонаҳо бо мутахассисони баландихтисос ва баланд бардоштани фарҳанги хизматрасонӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти роҳбарияти нав ба шумор меравад.
Давлаталӣ Саид ба сартабиби навтаъин барои иҷрои масъулиятҳои хизматӣ барори кор ва муваффақиятҳои нав таманно намуда, таъкид кард, ки вазифаи роҳбарӣ бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва поквиҷдонона иҷро гардад.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00