ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА ИДИ МЕҲРГОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Ҳамватанони азиз!
Фарорасии ҷашни Меҳргонро, ки рамзи ҳаёти осоишта, фаровонии ҳосил, файзу баракати зиндагии мардуми мост ва иди деҳқонону кормандони соҳаи кишоварзӣ маҳсуб мегардад, ба кулли сокинони шарафманди вилояти Хатлон самимона табрику таҳният мегӯям.
Иди Меҳргон дар радифи пуршаҳоматтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад.
Ҷашни Меҳргон ҳамчун иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накукорӣ, тантанаи ранҷи кашидаи барзгарон аст, ки ниёгони мо дар мавсими ҷамъоварии ҳосил таҷлил мекарданд. Бинобар ин, Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.
Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргон дубора эҳё гардид ва аз соли 2009 инҷониб ҳар сол дар фасли тирамоҳ дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу тантана ҷашн гирифта мешавад.
Ба таъкиди Пешвои миллат, “Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст”.
Амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, таъмини маводи ғизоӣ, вазифаи аввалиндараҷаи кишоварзон ва олимону мутахассисони соҳа ба шумор меравад.
Ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд. Ҳар сол бо дарназардошти ин ки Меҳргонро бештар ба унвони ҷашни кишоварзон мешиносанд, дар ҷашнгоҳҳо намоишгоҳи анвои мухталифи меваю сабзавот, консерваю оби мева ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, базму тамошогоҳ барпо мешавад.
Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд дар саҳро заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Соли равон барои барзгарони вилояти Хатлон пурфайз омад. Пахтакорон ҳосили хуб ба даст оварда, ҳоло авҷи маъракаи ҳосилғундорист. Пахтакорони заҳматкаши вилоят аз аввали мавсим то 20-уми октябри соли равон 228157,3 тонна пахтаро захира кардаанд. Ин нишондод 90 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад.
Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маъракаи чиниши пахта дар авҷ буда, дастранҷи ҳаррӯзаи онҳо бештар аз 3165,9 тоннаро ташкил медиҳад. Шоёни таҳсин аст, ки дар байни шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят шаҳру ноҳияҳои Левакант, Бохтар, Дӯстӣ, Ёвон, Данғара, Вахш, Хурсон, Ҷайҳун ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз иҷрои уҳдадорӣ бо сарбаландӣ баромаданд.
Кишоварзони қавииродаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар заминаи таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат соли равон бо истифода аз имконияту шароитҳои мавҷуда заминро мақсаднок истифода бурда, ҳосили фаровон ба даст оварда истодаанд.
Дар натиҷаи фаъолияти пурсамар ва амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 30,9 миллиард сомониро ташкил дода, афзоиши он 7,5 банди фоизиро дар бар мегирад.
Дар вилоят 1,59 миллион тонна сабзавот, 935 ҳазор тонна полезӣ, 346 ҳазор тонна мева, 123 ҳазор тонна ангур, 122 ҳазор тонна гӯшт ва 344 ҳазор тонна шир истеҳсол шудааст.
Дар гармхонаҳои доимӣ ва мавсимӣ дар майдони 2,5 ҳазор гектар 75 ҳазор тонна сабзавот, аз ҷумла 24,5 ҳазор тонна помидор ва 21 ҳазор тонна бодиринг парвариш ёфтааст.
Кишти такрорӣ дар майдони 126 ҳазор гектар гузаронида шуда, боғу токзорҳои нав дар 46 гектар бунёд гардидаанд.
Бо таманнои пешрафту шукуфоии Ватани азизамон, бори дигар, мардуми сарбаланду меҳнатқарини вилояти Хатлонро ба муносибати ҷашни нусрат, баракату шукуҳмандӣ ва пурфайзи Меҳргон сидқану самимона табрик гуфта, ба сокинони Хатлонзамин дастархони пурнозу неъмат, рӯзгори босаодат, файзу баракат ва пирӯзию комгорӣ орзумандам.
Ҷашни Меҳргон хуҷаста бод!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...