ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ СОХТМОНИ БИНОИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 20 октябр, дар идомаи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар назди мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои ятимону бепарасторони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба сохтмони бинои нави хобгоҳ ҳусни оғоз бахшиданд.
Лоиҳаи бинои хобгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони ҳамкор бунёд карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки хобгоҳ барои 104 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ гардида, аз ду ошёна иборат аст.
Айни замон дар мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 200 нафар, ки аз ин 40 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Зимни боздид раиси вилоят аз шароити хобгоҳ, ошхона, таълим дар мактаб-интернат дидан намуда, масъулинро барои дар фасли зимистон паси сар намудани тарбиятгирандагон бо шароити лозима дастур доданд.
Таъкид шуд, ки дар баробари таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбарияти олии мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати фароҳам овардани беҳтарин шароиту имкониятҳо баҳри донишандӯзии насли наврас ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия саъю талоши дучанд намоянд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00