НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ НИЗ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 20 октябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуда, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд.
Бояд зикр намуд, ки пахтакорони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дурнамои ҷамъоварии пахтаро 100 фоиз иҷро намуда, то имрӯз 20 ҳазору 674 тонна "тиллои сафед" ҷамъоварӣ кардаанд.
Зимни мулоқоти самимӣ бо хоҷагидорон ва раисони ҷамоатҳо раиси вилоят Давлаталӣ Саид иҷрои нишондоди дурнамои истеҳсолии пахтаро бо хушнудӣ пазируфта, ин дастоварди назаррасро ба онҳо ва кулли пахтакорони ноҳия табрику муборакбод намуданд.
Инчунин, раиси вилоят ба масъулини соҳа, хоҷагидорону мутахассисон, деҳқонон, обмонҳо, механизаторон ва чинакчиёни чобукдаст, ки дар кишту парвариш, ҷамъоварӣ ва оростани хирмани имсола саҳми худро гузоштаанд, изҳори сипос намуданд.
Дурнамои 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон имсол 254300 тонна мебошад, ки ба ҳолати 20 октябр 228157,3 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ин баробари 90 дарсади дурнамои солона мебошад.
Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакор то ин имрӯз нуҳ шаҳру ноҳия - Левакант, Бохтар, Дустӣ, Ёвон, Данғара, Вахш, Хуросон, Ҷайҳун ва Ҷалолиддини Балхӣ пурра аз иҷрои дурнамои пахта баромадаанд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...