Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ НОҲИЯ


БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ НОҲИЯ



Имрӯз, 14 октябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар кӯчаи ба номи Б. Шовалии ноҳияи Вахш бо рафти корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия шинос шуданд.

Иншооти мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.

Мавриди зикр аст, ки барои амалисозии ҳадафҳои ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иншооти муосири варзишӣ сохта мешаванд, ки ин тадбир ба рушду оммавигардонии футбол, ва, умуман тарзи ҳаёти солим замина мегузорад.

Ҳоло дар доираи Барномаи давлатии рушди футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 дар вилояти Хатлон сохтмони 130 иншоот, аз ҷумла варзишгоҳи ноҳияи Восеъ бо 22 ҳазор ҷойи нишаст, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо 6 ҳазор ҷойи нишаст ва дар ноҳияи Вахш сохтмони варзишгоҳи замонавӣ бо 5 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад.

Раиси вилоят масъулинро ба анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки беҳтар шудани шароит ба рушди соҳаи варзиш ва афзудани дастовардҳои варзишгарони кишвар мусоидат хоҳад кард.
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода