Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » НОҲИЯИ ВАХШ НИЗ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТАРО ПУРРА ИҶРО КАРД


НОҲИЯИ ВАХШ НИЗ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТАРО ПУРРА ИҶРО КАРД




Имрӯз, 14 октябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Вахш аз фаъолияти корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Насими Вахш ОСК» боздид ба амал оварда, дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои пахтакори фаъол иштирок намуд.

Дар ин маросим раиси вилоят ба хоҷагидорон, мутахассисон ва деҳқонони пешқадам туҳфаҳо тақдим намуда, ба онҳо барои иҷрои пурраи дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта муборакбодӣ кард.

Ба иттилои масъулини соҳаи кишоварзӣ, пахтакорони ноҳияи Вахш дурнамои истеҳсолиро пурра иҷро намуда, то имрӯз 19 ҳазору 802 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ кардаанд. Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни мулоқот бо роҳбарони хоҷагиҳо ва ҷамоатҳо дастоварди заҳматкашони ноҳияро натиҷаи меҳнати софдилона ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон, роҳбари вилоят ба ҳамаи иштирокчиёни маърака, аз хоҷагидорону мутахассисон то обмонҳо, механизаторон ва чинакчиёни чобукдаст, барои саҳми арзандаашон дар парвариш ва ҷамъоварии хирмани фаровони имсола арзи сипос намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҳоло дар пахтазор ҳосил фаровон буда, зарур аст, то бо истифодаи самараноки рӯзҳои офтобӣ, тамоми ҳосили бо заҳмати деҳқон рӯёнидашуда бе талаф ҷамъоварӣ гардад.

Пахтакорон изҳор доштанд, ки дар баробари дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии давлату Ҳукумат минбаъд низ барои афзоиши истеҳсол ва беҳтар намудани сифати пахта кӯшиши бештар хоҳанд кард.

Ба иттилои Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, дурнамои имсолаи ҷамъоварии пахта дар 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилоят 254 ҳазору 300 тонна муқаррар шудааст. То имрӯз дар вилоят 211 ҳазору 819,6 тонна, яъне 83 дарсади нақшаи солона ҷамъоварӣ гардидааст.
Дар баробари Вахш, то имрӯз шаш шаҳру ноҳия - Левакант, Бохтар, Дӯстӣ, Ёвон, Данғара ва Вахш пурра аз иҷрои дурнамои пахта баромадаанд.

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода