Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ГУСЕЛИ ТАНТАНАВИИ ҶАВОНОН БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ


ГУСЕЛИ ТАНТАНАВИИ ҶАВОНОН БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ




3 октябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар бо иштироки даъватшавандагон, волидону пайвандони онҳо ва масъулини мақомоти давлатии вобастаи даъват дар вилояти Хатлон маросими бошукӯҳу тантанавии Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид.

Садҳо нафар  ҷавонони шуҷоъ аз тамоми шаҳру навоҳии  вилоят  тариқи роҳпаймоии  идона  дар  даст парчами  давлатӣ  бо  шиорҳои ватандӯстона  роҳии  майдони чорабинӣ  гардиданд.  Рамзист, ки  ҳамасола  маросими  гусели ҷавонони  матину  қавииродаи Хатлонзамин  ба  сафи  Қувваҳои Мусаллаҳ  дар  фазои  суботу осоиштагӣ  ва  бо  рӯҳияи  баланди  ифтихори  ватандорӣ  баргу-зор  мегардад.  Ин  нишонаи  олии ватандӯстии  ҷавонон,  садоқат  ба давлату миллат, ҳимояи Истиқлоли давлатӣ  ва  баланд  гардидани ҳувияти миллии родмардони ватан мебошад. 

Дар  оғози  ҷамъомади тантанавӣ  муовини  раиси  вилояти  Хатлон  Амирхон  Қурбонзода дар  назди  ҳозирин  баромад  намуда, аз номи раиси вилояти Хатлон  Давлаталӣ  Саид  ба  хизмати шарафмандонаи  онҳо  дар  сафи Қувваҳои  Мусаллаҳ,  мудофиаи  марзу  буми  Ватан  ва  ҳифзи дастовардҳои  беназири  даврони соҳибистиқлолии  кишвар  барору комёбиҳо таманно намуд.

Қайд  гардид,  ки  Ҳукумати кишвар  барои  таҳкими  қудрати мудофиавӣ  ва  фароҳам  сохтани шароити  беҳтарини  хизмат  дар сафи  Қувваҳои  Мусаллаҳ  пайваста  тадбирҳои  судманд  андешида, дар  натиҷа  шароити  будубош, таҳкими заминаи моддию техникии қисмҳои  ҳарбӣ  сол  то  сол  беҳтар гардида  истодааст.  Маҳз  ҳамин омили  муҳим  аст,  ки  даъвати ҷавонони вилояти Хатлон ба сафи Қувваҳои  Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  шаҳру  ноҳияҳои вилоят  дар  рӯзҳои  аввали  даъват  пурра иҷро мегардад.

-  Ин  даъвати  чорум  аст,  ки  ҷавонони диловару  ғаюр  ихтиёран  ба  сафи  Артиши миллӣ  пайваста,  нақшаи  даъват  дар  вилояти Хатлон дар рӯзҳои аввал таъмин мегар-дад, ки ин ташаббус дар солҳои Истиқлоли давлатӣ  дар  вилоят  падидаи  беназир  ба ҳисоб меравад, - зикр намуд А. Қурбонзода. 

-  Дар  ин  рӯзи  ифтихорӣ  шуморо  аз  номи раиси  вилояти  Хатлон  Давлаталӣ  Саид ва  Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  вилоят  барои  шарафёб  шуданатон  ба мақоми  фахрии  сарбози  Ватан  самимона табрик гуфта, дар анҷоми рисолати бузурги ватандорӣ бароятон матонату шарафмандӣ таманно менамоям. 

Таъкид шуд, ки шумораи ҷавонони синну соли даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ  дар  вилоят  хеле  зиёд  аст  ва маҳз ҳамин имконият даст дод, ки аз байни ҷавонони ҳамаи табақаҳои аҳолӣ беҳтаринҳо интихоб ва ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд. 

Хизмат  дар  сафи  Қувваҳои  Мусаллаҳ мактаби  бузурги  шуҷоат,  мардонагӣ  ва садоқат ба Ватан ба шумор рафта, ин ифтихори ҳар як ҷавони тоҷик аст, ки дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмини сулҳу субот аҳми назарраси худро гузорад. 

Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  -  Пеш-вои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  таъкид  менамоянд: «Артиши  миллӣ  бояд  натанҳо  қудрати  ҳарбӣ, балки  рамзи  ваҳдат  ва  ифтихори  миллӣ  бошад. Хизмат  дар  сафи  Қувваҳои  Мусаллаҳ  барои ҷавонон мактаби ҷавонмардист, ки дар он рӯҳияи ватандӯстӣ,  садоқат  ба  миллат  ва  эҳтироми арзишҳои давлатӣ ташаккул меёбад».

А.  Қурбонзода  зикр  намуд,  ки  имрӯз  мардуми  шарафманди  Хатлонзамин  бо  иродаи  қавӣ ва  садоқати  фарзандони  далеру  ватандӯсти худ  ифтихор  мекунанд.  “Зеро  омодагии  шумо барои  ҳимояи  марзу  буми  аҷдодӣ  мояи  сарфарозии  ҷомеа  ва  рамзи  устувории  давлати соҳибистиқлоли мо мебошад. Ин ҷасорату мардонагии  шуморо  насли  калонсол  шоистаи  таҳсину офарин  медонанд  ва  аз  он  ифтихораманданд, ки  чунин  фарзандони  сазовор  ба  давлату  мил-лат тарбия намудаанд. Азми ватандории шумо - ҷавонон насли калонсолро ба ҳаёти осудаи фарзандону наберагони миллати шарафманди тоҷик дилпур  намуда,  мутмаинанд,  ки  ҳимояи  марзу буми кишвар ба ихтиёри фарзандони сарсупурда ва ҳимоятгарони содиқу шуҷоъ мебошад”, - афзуд муовини раиси вилоят. 

Бо боварии комил иброз гардид, ки ҷавонони вилояти  Хатлон  дар  сафи  Қувваҳои  Мусаллаҳи кишвар  вазифаи  бошарафу  муқаддаси  худ  - ҳимояи Ватани маҳбубамон, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро менамоянд.

Муовини  раиси  вилоят  ҳамчунин  аз  заҳмати падару модарон дар тарбияи фарзандони ҷасуру шуҷоъ  ва  ватандӯст  ситоиш  намуд,  ки  бо  иҷрои рисолати  муқаддаси  худ  барои  ояндаи  давлату миллат хизмати бузурге анҷом додаанд. 

Дар  ҳақиқат,  хизмат  дар  сафи  Қувваҳои мусаллаҳ шарафи бузург аст. Тарбия дар ин мактаби  мардонагӣ  ҷавононро  ҳамчун  шахсият  ташаккул медиҳад,  дар  шинохти  арзишҳои  муҳимми  инсонию давлатдорӣ муваффақ мегардонад, иродаи онҳоро дар роҳи ба даст овардани мақсад дар оянда устувор мегардонад. 

-  Дар  шароити  имрӯзаи  пуртазод  вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, ки ҳатто давлатҳои пурқудрат ба таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гашта, буҳрони  иҷтимоию  иқтисодӣ  аксари  кишварҳои  сайёраро  дар  ҳолати  ноустувор  қарор  додааст,  ҷавонони ватандӯсту  меҳанпарасти  мамлакатро  бояд  бетафо-вут  нагузорад,  -  идома  дод  А.  Қурбонзода.  -  Имрӯзҳо ҷавонони барӯманду қавииродаи вилоят хуб дарк ме-намоянд, ки хизмат ба Ватан-модар қарзи виҷдонӣ ва имонии онҳо маҳсуб мешавад. Қайд гардид, ки таваҷҷуҳ ба рушд ва тақвияти Артиши  миллӣ,  эҳтиром  ба  хизматчиёни  ҳарбӣ  ва  ши-нохти нақши онҳо дар таҳкими Ваҳдати миллӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати давлат ва ҷомеа мебошад, зеро бе амният ва оромӣ ваҳдат пойдор намемонад ва бе артиши қавӣ амният таъмин намегардад.

Артиши  миллии  Тоҷикистон  дар  баробари муҳофизати  Истиқлоли  давлатӣ,  субот  ва  якпорчагии кишвар, ҳамзамон мактаби тарбияи кадрҳои ватандӯст, худшиносу қавируҳ низ ба шумор меравад.

-  Роҳбарияти  вилоят  бо  ҷавонони  бонангу  номус, неруманд ва шарафманди вилоят, ки фарзандони миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созан-даи тоҷик мебошанд, ифтихор мекунанд, - гуфт муови-ни раиси вилоят дар интиҳои сухан ва ба ҷавононе, ки дар мавсими имсола аввалин шуда ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи  кишвар  сафарбар  мешаванд,  далерию шуҷоатмандӣ, чусту чолокӣ ва комёбиву сарсабзӣ таманно намуд.

Сокинони  худогоҳу  хештаншиноси  шаҳру  ноҳияҳо ва волидони сарбозони ояндаи Ватан низ даъват гардидани фарзандони худро ба хизмати ҳарбӣ, аз лаҳзаҳои фаромӯшнопазири ҳаёти ин гурӯҳи ҷавонони хушбахту нектолеъ маънидод намуда, хизмати онҳоро дар роҳи дифоъ аз марзи муқаддаси Ватан ва таъмини амнияту суботи ин сарзамини аҷдодӣ беҳтарин шараф ва номи неку сарбаландии ҷавонмардона арзёбӣ карданд.

Қобили зикр аст, ки даъвату гусели шаҳрвандон ба сафи  Қувваҳои  Мусаллаҳи  мамлакат,  дар  асоси  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи  хизмати  ҳарбиро  адо  намудаанд ва  даъвати  навбатии  шаҳрвандони  солҳои  таваллуди 1998-2007-и  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  хизмати  ҳарбӣ” ташкилу ба роҳ монда шудааст.

Дар баробари даъвату гусели шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон сарбозоне, ки муҳлати муқаррагардидаи хизмати ҳарбиро дар қисму воҳидҳои низомии Артиши миллӣ, ҷузъу томи сохторҳои қудратии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба итмом расонидаанд, дар давоми моҳҳои октябр-ноябри соли равон марҳила ба марҳила аз сафи қисмҳои ҳарбӣ ба эҳтиёт рухсат карда мешаванд.

Н. МАЪМУРЗОДА,
«Хатлон»


Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода