Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ЁВОН ДАР САФИ ПЕШСАФОНИ ИҶРОИ ДУРНАМОИ ПАХТА


ЁВОН ДАР САФИ ПЕШСАФОНИ ИҶРОИ ДУРНАМОИ ПАХТА




7 октябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ёвон аз фаъолияти корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Сафир» боздид намуда, дар маросими ҳавасмандгардонии пахтакорон иштирок кард.

Дар ҷараёни боздид таъкид гардид, ки фаъолияти мунтазами чунин корхонаҳо барои афзоиши арзиши иловагии маҳсулоти ватанӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва коҳиши вобастагии истеҳсолот аз воридот аҳамияти муҳим дорад.

Ба иттилои масъулон, пахтакорони ноҳияи Ёвон дурнамои солонаи ҷамъоварии «тиллои сафед»-ро пурра иҷро намуда, то имрӯз 22 ҳазору 268,4 тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд. Бо ин нишондиҳанда ноҳия дар байни шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз рӯйи ҳаҷми истеҳсол ва суръати иҷрои дурнамо мавқеи пешсафро соҳиб гардидааст. Гарчанде аз лиҳози фоиз дар зинаи чорум қарор дорад, вале аз ҷиҳати ҳаҷми умумии истеҳсол мавқеи аввалро касб кардааст.

Тавре зикр шуд, ин дастоварди муҳим дар даврони соҳибистиқлолӣ бори аввал дар чунин фурсати кӯтоҳ ба даст омада, барои тамоми мардуми заҳматкаши Ёвон рӯйдоди таърихӣ ба шумор меравад.



Дар мулоқоти самимии раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо хоҷагидорон ва роҳбарони ҷамоатҳои деҳот масоили истифодаи самараноки ҳар як порчаи замин, таъмини саривақтии обёрӣ, тавсеаи майдонҳои кишт ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ мавриди таҳлил қарор гирифт. Роҳбари вилоят инчунин ҳавасмандгардонии меҳнати пахтакоронро яке аз омили асосии рушди устувори соҳаи кишоварзӣ номид.

Пахтакорону роҳбарони хоҷагиҳо зимни суханронӣ изҳор доштанд, ки дастгириву ғамхориҳои доимии давлат ва Ҳукумат, бахусус роҳбарияти вилоят, онҳоро барои афзоиши истеҳсол ва беҳтар намудани сифати пахта рӯҳбаланд менамояд.

Имсол дар ноҳияи Ёвон дар майдони 10 ҳазору 485 гектар пахта кишт шудааст. Дар ноҳия 2384 хоҷагии пахтакор фаъолият дошта, кишоварзон кӯшиш доранд, ки ҳосили боқимондаро бе талаф ҷамъоварӣ кунанд.

Нақшаи умумии ҷамъоварии пахта дар 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон барои соли ҷорӣ 254 ҳазору 300 тонна муқаррар гардидааст. То имрӯз 189 ҳазору 941,9 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 74,69 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Дар байни шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят то ҳол чор шаҳру ноҳия, аз ҷумла Левакант, Бохтар, Дӯстӣ ва Ёвон пурра дурнамои ҷамъоварии пахтаро иҷро намуда, дар роҳи таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзии вилоят саҳми арзанда мегузоранд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода