САҲМИ СОКИНОН ВА СОҲИБКОРОНИ ВАТАНӢ ДАР ТАЪМИНИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 134
![]()
Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат буда, сохтмони роҳҳову пулҳо ҳамеша зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат ва бо дастгирии раиси вилояти Хатлон, роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, корҳои созандагӣ дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлол вусъат ёфта истодааст.
Бо ташаббуси соҳибкорон ва сокинони ватандӯст 1500 метр роҳи дохили деҳаи Хонаобод мумфарш шуда, айни замон роҳ байни деҳаҳои Хонаобод ва Таниёл таъмир мегардад. Зимни боздид аз ҷараёни корҳои мумфаршгардонӣ намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, зарурати анҷоми босифати корҳои роҳсозиро таъкид намуданд.
Сокинон ин иқдомҳоро нишонаи ваҳдату ҳамдилӣ ва самараи сиёсати созандаи Пешвои миллат арзёбӣ мекунанд.
Умарҷон ТОШМАТОВ,
«Хатлон»
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...