Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст, раиси вилояти Хатлон кормандони соҳаи тандурустии вилоятро ба муносибати иди касбӣ табрику таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом, умри дароз, комёбиву муваффақиятҳои навро таманно намуд.
Зикр кардид, ки айни замон дар ҳудуди вилоят шумораи муассисаҳои тиббӣ 1804 ададро ташкил дода, аз ин 1749 адади он дар деҳот ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад. Дар вилоят 4657 нафар табибон бо маълумоти олӣ ва 21929 нафар кормандони миёнаи тиб усулҳои муосири ташхисию табобатиро дар муолиҷаи беморон роҳандозӣ намуда истодаанд.
- Дар ин самт бо пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкорона ва созандаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорони бонангу номус ва шахсони эҳсонкор ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди 477 иншоот, аз ҷумла 28 беморхона, 61 маркази саломатӣ, 195 бунгоҳи тиббӣ, 14 таваллудхона, 164 дорухона ва 15 нуқтаи хатна ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин муддат 173 иншоотҳои соҳа бо иқтидори 821 кати хоб ва қабули 2088 нафар беморон мавриди истифода қарор гирифтааст, ки дар натиҷа мушкилоти зиёди соҳаро марҳила ба марҳила ҳалу фасл намуда истодааст, - афзуд раиси вилоят.
- Зимнан, ба ҳолати 1 августи соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 19 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи зиёда 10 млн. 820 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ба мардум хизмати тиббӣ расонида истодаанд. Илова бар ин, дар 7 моҳи соли ҷорӣ тибқи нақша таъмири 115 адад муассисаҳои тандурустӣ ба нақша гирифта шуда, айни замон 83 адад (72,1%) ба маблағи зиёда аз 14 млн. 688 ҳазор сомонӣ аз таъмир бароварда шудааст.
Сипас, озмунҳои вилоятӣ, ки ҳамасола гузаронида мешаванд, ҷамъбаст шуда, ғолибон бо ҷоиза ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, савияи дониши касбии кормандони соҳа, ҳифзи саломатии омма ва фароҳам овардани шароити мусоид барои табобати беморон, инчунин ҳавасманд намудани кормандони соҳаи тандурустӣ тибқи қарори Раиси вилояти Хатлон аз 15 феврали соли 2019, №45 озмунҳои вилоятии «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят» муқаррар гардидааст.
Бо назардошти хулосаи Кумитаи тадорукотии озмун ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиби хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои дурдаст, тозаю озода гардонидани гирду атрофи беморхона ва вусъат бахшидани корҳои ободонӣ дар номинатсияи “Беҳтарин муассисаи тиббии сол”, Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг дониста шуд.
Аз рӯи номинатсияи “Беҳтарин табиби сол”, аъзои Кумитаи тадорукотӣ бо инобати хизматҳои бисёрсола Шарипов Диловар , табиби бемориҳои дарунии Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара дониста шуд.
Ҳайати Кумитаи тадорукотӣ бо назардошти шумораи зиёди кормандони миёнаи тиб, саҳми шоистаи онҳо дар хизматрасонии тиббӣ дар номинатсияи “Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол” Саидова Савзагул, ҳамшираи тиббии Шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Левакант дониста шуд.
Аз рӯи номинатсияи “Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят” Абдураҳмонов Юсуф, мудири шуъбаи саратоншиносии Маркази саратоншиносии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дониста шуд.
Дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон аз 15.08.2025, №177 ба онҳо 20000 сомонӣ, ба ҳар як нафар 5000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.
Илова бар ин, дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон аз 15 феврали соли 2019, №46 Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон – “Вориси Сино” таъсис дода шудааст, ки ҳамасола аз рӯи талаботи Низомнома ба 6 нафар дода мешавад. Имсол бошад, дар натиҷаи хулосаи Кумитаи тадорукот 6 нафар табибони беҳтарин ва собиқадори соҳа барандаи ин ҷоиза гардиданд: Муродов Шокир, табиби наҷот ва беҳискунии Беморхонаи клиникии вилоятӣ ба номи Б. Воҳидов, Холов Сафаралӣ, табиби стомотологи Шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бохтар, Халилов Бурҳониддин, сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон, Ғуломзода Бобоҷон, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Данғара, Қонунова Анварбӣ, табиби акушер-гниколог аз шаҳри Кӯлоб, Шарофов Неъматулло, мудири шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод бо Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон «Вориси Сино» сарфароз гардониа шуданд.
Тибқи қарори раиси вилояти аз 15.08.2025, №178 ба ҳар як 6 нафар барандагони бо Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон «Вориси Сино» ба маблағи 30000 сомонӣ, ба ҳар як нафар 5000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.
Дар охир, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зикр намуданд, ки итминони комил дорем, ки табибони вилояти Хатлон ҳамчун ворисони Сино кору пайкори ин шахсияти барҷастаи тибби ҷаҳониро идома дода, бо дарки масъулияти баланди касбӣ, инсондӯстию хештаншиносӣ барои ҳарчи беҳтар гардидани тансиҳативу некуаҳолии мардум саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Комрони БАХТИЁР,
Рамазони МИРЗОМИДДИН,
«Хатлон»
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.