КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 108
![]()
Имрӯз, 15 август, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти "Меҳнатобод"-и ноҳияи Кӯшониён бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории сокинони маҳаллаи Гулистон бунёд шудааст.
Бо назардошти сол аз сол зиёд гардидани шумораи хонандагон ва пайдо гардидани талабот ба ҷои нишаст, кумитаи падару модарон ва соҳибкорон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати ободгаронаи Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтанд, ки бинои нави таълимӣ созанд.
Муассисаи таълимӣ иборат аз 1 бинои 2 ошёна, 16 синфхонаи таълимӣ буда, барои 400 хонанда дар 1 баст сохта шудааст.
Бинои мазкур аз синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, синфхонаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ–коммуникатсионӣ иборат мебошад. Ҳамзамон, дар назди ин муассисаи таълимӣ сохтмони Маркази инкишофи кӯдак идома дорад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид иқдоми соҳибкорон ва кумитаи падару модаронро шоистаи таҳсин хонда, ба масъулон доир ба беҳтар намудани сатҳу сифати дониши хонандагон ва иштироки фаъолонаи муҳассилин дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.
Давоми ду соли оянда дар вилояти Хатлон бунёди 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо 53 ҳазору 303 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи амали «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027», дар марҳилаи дуюм барои солҳои 2025-2027 тасдиқ гардид. Тибқи ин барнома, ба амалӣ намудани он 957 миллиону 850 ҳазор сомонӣ равона хоҳад шуд.
Бояд зикр намуд, ки дар нимсолаи якуми соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 21 иншооти нави таълимӣ, аз ҷумла 120 синфхона бо 3000 ҷойи нишаст дар як баст ва 6000 ҷой дар ду баст мавриди истифода қарор дода шуд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00