Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА


БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА




Имрӯз, 15 август, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Гулистони деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён аз самаранок истифодабарии замини наздиҳавлигӣ ва захираи хӯроки дусола дар манзили истиқоматии шаҳрванд Сафаров Маҳмадшариф боздид намуданд.

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони заҳматқарину меҳнатдӯсти ноҳияи Кӯшониён ҳар қитъа замини дарихтиёрдоштаро пурмаҳсул истифода карда, ҳамасола аз он ҳосили фаровони якчанд номгӯи маҳсулотро ба даст меоранд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати он 0,15 гектарро ташкил дода, айни замон дар он лубиёдонагиҳо, бодиринг, қаланфури булғорӣ ва ҷуворимакаи дон парвариш меёбанд. 

Раиси вилоят аз қитъаи замини наздиҳавлигии ин сокини меҳнатдӯст дидан намуда, дар кишти такрории картошка иштирок намуданд.



Гуфта шуд, ки сокинон аз ҳисоби ин қитъаҳо кансераваю дигар хуришҳои лазиз омода карда, барои зимистонгузаронӣ захира менамоянд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар замини наздиҳавлигии Маҳмадшариф Сафаров ба маданияти баланди истифодабарии замин изҳори қаноатмандӣ карда, даъват ба амал оварданд, ки натанҳо ин сокин, балки тамоми шаҳрвандони ноҳия бояд қитаъҳои дарихтиёрдоштаашонро босамар истифода баранд.

Истифодаи босамари замини наздиҳавлигӣ ва рӯёнидани 2-3 ҳосил дар ҳар як хонаводаи сокинони ноҳияи Кӯшониён мушоҳида гардида, ҳамасола бо мақсади беҳтар гардонидани сатҳи рӯзгори хеш қитъаҳои наздиҳавлигии худро побанди кишту парвариши зироату сабзавоти гуногуни кишоварзӣ менамоянд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода