Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ


КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ




Имрӯз, 15 август, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Кӯшониён Маркази саломатиро ифтитоҳ намуданд.

Маркази саломатии мазкур дар партави дастуру ҳидоятҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иншооти ҷашнӣ бунёд шудааст.

Иншоот дар доираи лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ бунёд карда шудааст.

Бо бунёди бинои нав 40 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд. Бинои Маркази саломатӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 22 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои ташхиси ултрасадо, тибби оилавӣ, хатна, ҳуҷраи момодоя, иммунизатсия, озмоишгоҳ, ҳуҷраи муоина, сабти барқии дил мебошад, ки ҳамарӯза ба сокинон хизмат мерасонанд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид баъди шиносоӣ бо шароити хизматрасонӣ дар Маркази саломатӣ ба табибон дастур доданд, ки дар вақти ташхис ва табобати беморон масъулияти бештар дошта бошанд ва пеш аз ҳама баҳри беҳдошти солимии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд ва бо мардум муомилаву муносибати хуб дошта бошанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода