Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ОҒОЗИ КОРҲОИ БОСТОНШИНОСӢ ДАР ҚАЛЪАИ «БИБИХОНУМ»


ОҒОЗИ КОРҲОИ БОСТОНШИНОСӢ ДАР ҚАЛЪАИ «БИБИХОНУМ»



Дар қалъаи “Бибихонум”-и шаҳри  Бохтар  аз  ҷониби  мутахассисони  Агентии  ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ковишҳои бостоншиносӣ оғоз шуд. 

Бино  ба  иттилои  Аҳлиддин Саиднуриддинзода,  муовини директори Агентии ҳифзи мероси  таърихию  фарҳангии  назди Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон зимни  ковишҳои  бостоншиносӣ ду  сиккаи  мисӣ  ёфт  шуд,  ки яке  марбут  ба  давраи  Темуриён,  асрҳои  XV-XVI  ва  дигарӣ мутааллиқ  ба  давраи  Манғитӣ, асрҳои XVI- XVII мебошад.

Ҳамчунин,  аз  ҷониби  бостоншиносон  кӯзаҳои  шикаста ва  сафолӣ  ёфт  гардид.  Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ  12  август  оғоз гардида, то 17 августи соли ҷорӣ идома меёбанд. 

М. ЗАФАР, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода