Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ


ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ




Дар маҷлисгоҳи Бахши қароргоҳи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назоратӣ бо иштироки муовини якуми раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар Бурҳон ва роҳбарони сохторҳои дахлдори минтақа баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба омодагии ҷамъоварии ҳосили имсолаи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта, иҷрои нақшаи дурнамо ва кишти такрории дигар зироатҳо, таъмини оби полезӣ ва назорати фаъолияти насосҳои обрасон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, роҳбарони ташкилотҳои соҳа оид ба иҷрои супоришҳои қаблии Раиси вилоят ҳисобот доданд.

Мирзозода Музаффар ба ҳозирин Амри Раиси вилояти Хатлон аз 1 августи соли 2025, №22 «Дар бораи таъсис ва тасдиқ намудани гурӯҳҳои корӣ»-ро шинос карда, таъкид намуд, ки гурӯҳҳои мазкур бо мақсади сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, иҷрои дурнамои истеҳсолот ва ворид намудани маълумоти дақиқ ба ҳисоботи оморӣ фаъолият хоҳанд кард.

Ҳамчунин, дар ҷаласа Амри Раиси вилояти Хатлон аз 2 июни соли 2025, №27/1-к «Дар бораи таъйин намудани мудири бахши қароргоҳи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб» эълон гардида, Раҷабзода Мавзуна Шарбат ба ин мансаб таъйин гардид.

Дар анҷом, муовини якуми раиси вилоят масъулинро ба иҷрои софдилона ва босамари вазифаҳо даъват намуда, супориш дод, ки то ҷаласаи навбатӣ аз натиҷаи корҳои анҷомдода ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳисобот пешниҳод намоянд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода