РЕЗААХБОР
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1
![]()
ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ
Донишгоҳи давлатии Данғара соли 2013 таъсис ёфтааст. Ҳоло дар ин махзани дониш зиёда аз 8 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил доранд. Ба қарибӣ бо фармони Комиссияи олии атестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои
диссертатсионӣ таъсис ёфт. Акнун ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа, филология, адабиёти тоҷик, забони тоҷикӣ, номзадҳои илм аз рӯи ихтисосҳои адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, адабиёти тоҷик дар он фаъолият мебарад.
БАРАНДАИ ҶОИЗАҲО
Бояд тазаккур дод, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон соли ҷорӣ барандаи озмуни ҷумҳуриявии «Олими ҷавон»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, барандаи дипломи озмуни байналмилалӣ-таҳқиқотии «Беҳтарин омӯзгор» дар Ҷумҳурии Қазоқистон гардид.
14 нафар донишҷӯёни табибони оянда дар озмунҳои вилоятии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Донишҷӯи сол», олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат карда, соҳиби ҷою дипломҳо гаштанд.
РАВҒАНУ СОБУНИ НОРАК
Сокинони шаҳри энергетикҳо Норак аз истеҳсоли равғану собуни худӣ истифода хоҳанд бурд. Бунёди 23 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ба рушди бахши саноат мусоидат мекунад. Дар дуюним соли оянда то ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ 197 иншооти замонавӣ мавриди истифода қарор мегиранд, ки 20-тои онҳо саноатианд.
ОБОДИИ ВАТАН АЗ АНДОЗ АСТ
4188 андозсупоранда дар ноҳияи Данғара ба он мусо-идат карданд, ки нақшаи шашмоҳа 2 фоиз зиёд иҷро шуд.
Яъне назар ба нимсолаи якуми соли гузашта зиёда аз 29 миллион сомонӣ барзиёд маблағ ворид шуда, барои ободию созандагӣ, баланд бардоштани зисту зиндагии табақаҳои гуногуни аҳолӣ масраф мегарданд.
АМАЛИСОЗИИ МУРОҶИАТҲО
Дар роҳи иҷрои қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар ноҳияи Восеъ корҳои шоистаро анҷом медиҳанд. Дар давоми соли равон 1203 муроҷиат хаттӣ ва қариб 400 муроҷиат шифоҳӣ ба ҳокимияти маҳаллӣ ворид шуда, ҳамаи онҳо ҳалли мусбати хешро ёфтанд. Дар идораю муассисаҳои ноҳия низ барои арзу ниёзи шаҳрвандон тадбирҳои муфиду мушаххас андешида мешавад.
35 СОЛИ САМАРАБАХШ
35 сол боз коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара фаъолияти дорад. Дар ин муддат онро беш аз ҳазор нафар хилъати сафедпӯшон хатм карда, дар беҳдошти тандурустии аҳолӣ саҳми шоиста доранд.
Айни замон дар коллеҷ дар 3 факултет 1480 нафар таҳсил доранд. Аз соли 2023 коллеҷ соҳиби бинои 5-ошёнаи таълимӣ шуд, ки дар расми ифтитоҳи он Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд.
ТАРБУЗИ ҲАМАДОНӢ
Дар минтақаи Кӯлоб аз ҳама бештар деҳқонони ин ноҳия тарбуз кориданд. Имрӯзҳо ҷамъовари дар 560 гектар идома дорад. Аллакай ба бозорҳои дохилию берунӣ зиёда аз 10 ҳазор тонна тарбузи хуштамъ ворид гардидааст.
БАРНОМАИ РУШДИ ИҶТИМОӢ
Чи тавре аз Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоии шаҳри Кӯлоб ба мо иттилоъ доданд, айни замон шумораи нафақагирон ба домони 22 ҳазор нафар расидааст. 94 нафари онҳо синну соли 90 то 102-солаанд. Дар даво-ми соли 2025 наздики 64 миллион сомонӣ нафақапулиҳо пардохт гардиданд ва дар ин бахши қарздорӣ дида намешавад. Ҳисоби миёнаи нафақа ба наздики 500 сомонӣ расид, ки ин нисбати ҳамин давраи нимсолаи якуми соли гузашта 139 сомонӣ зиёд аст.
МУҲОҶИРОН ОБОД МЕКУНАНД
Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Мир Сай-ид Али Ҳамадонӣ иттилоъ доданд, ки мардуми 8 ҷамоат дар корҳои ободонию созандагиҳо ширкати фаъолона доранд. Махсусан сокинони Ҷамоати деҳоти С. Турдиев дари ин самт пешгоманд. Аз 4 миллион сомоние, ки дар азнавсозии роҳҳо аҳолии ин ҷамоат масраф намудаанд, 2,5 миллионаш ба маблағҳои фиристодаи муҳоҷирони меҳнатӣ рост меояд. Дар бунёди манзилҳои нави замонавӣ низ ин табақаи аҳолӣ намунаи ибратанд.
АМАЛИШАВИИ 116 ЛОИҲА
Ноҳияи Фархор сол то сол ба худ намои нав гирифта истодааст. Дар Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии Фархор барои солҳои 2021-2025 198 лоиҳа ба нақша ги-рифта шуда буд. То ин дам 161 лоиҳа иҷрою амалӣ шуданд. Яъне ба қадри 458 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию ободонӣ, кабудизоркунӣ, созандагиҳо ба анҷом расонида шудааст. Акнун ноҳия аз марказу бунгоҳҳои тиббӣ, ҷойҳои нишасти хонандагон дар мактабҳо танқисӣ надорад.
ПИСТАИ ХАНДОН
Ин навъи писта дар ноҳияи Темурмалик дар 40 гектар доман паҳн кардааст. Аз он ҳосили хуб мегиранд. Дар суҳбат раиси ноҳия Ҳасанзода Шералӣ иброз дошт, ки дар оянда масоҳати ин меваи фоидабахшу бозоргузар ба домони 100 гектар хоҳад расид. Обу ҳаво, иқлими ноҳия барои парвариши он хеле мусоиду мувофиқ аст.
ТАНЗИМ РИОЯ МЕГАРДАД
Соли равон дар ноҳияи Балҷувон 131 тӯйи арӯсиву домодӣ доир гардид. Ба ин ва дигар маъракаҳо ба ҳисоби миёна маблағи зиёда аз 7 ҳазор сомонӣ хароҷот шудааст. Ҳол он ки солҳои қабл аз қонуни танзим барои ҳар як маърака то 1 миллион сомонӣ ва аз он ҳам зиёд харҷ мешуд. Дар ин давра боз 3 адад қонуншикании танзим ошкор гашта, гунаҳгорон муҷозот шуданд.
Нурулло ҲАСАНОВ,
рӯзноманигор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00