Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Нишасти матбуотии роҳбарияти вилояти Хатлон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар нимаи якуми сол баргузор гардид.
7 август дар шаҳри Бохтар дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки васеи хабарнигорони расонаҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор гардид. Ин нишаст бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, ба ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида шуд.
Дар оғози нишаст муовини якуми раиси вилоят Музаффар Мирзозода аз ҳамкориҳои пурсамари намояндагони воситаҳои ахбори омма бо мақомоти давлатӣ миннатдорӣ баён намуда, нақши муҳимми онҳоро дар инъикоси дастовардҳо ва тарғиби арзишҳои миллӣ таъкид кард.
Тибқи иттилои пешниҳодшуда, дар шаш моҳи соли 2025 маҷмуи маҳсулоти минтақавии Хатлон ба 17,1 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди он 7,9 фоизро ташкил дод. Саҳми вилоят дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 24,1 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра 40 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида, ҳаҷми маблағгузорӣ ба 859 миллион доллари амрикоӣ расидааст. Ҳамзамон, ба вилоят 2,6 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст.
Дар нишасти матбуотӣ қайд гардид, ки ҳаҷми гардиши савдо ба 8 миллиард сомонӣ ва хизматрасониҳои пулакӣ ба 1,4 миллиард сомонӣ баробар шудааст, ки мутаносибан 8 ва 6 фоиз афзоишро нисбат ба соли гузашта нишон медиҳанд.
Дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои хориҷӣ 210,2 миллион долларро ташкил дод, ки аз он 39 фоиз содирот ва 61 фоиз воридот мебошад.
Дар самти бозори меҳнат 32431 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Аз ҷумла, 5838 ҷойи доимӣ, 7649 муваққатӣ ва 18853 мавсимӣ мебошанд.
Ба иттилои муовини якуми раиси вилоят М. Мирзозода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят ба беш аз 14 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиш 110,4 фоизро ташкил додааст. Ҳиссаи вилояти Хатлон дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии кишвар 59 фоизро дар бар мегирад.
Дар бахши саноат, ҳаҷми истеҳсолот ба 5,6 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 634 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра 42 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо 287 ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз кардаанд.
- Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз 6260 иншооти ба нақша гирифташуда, 5479 адад мавриди истифода қарор гирифтаанд, - афзуд М. Мирзозода. - Танҳо дар соли равон 1411 иншоот ба истифода дода шудааст, ки 122,3 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Дар бахши маориф, 26 муассисаи таълимӣ ва 11 муассисаи тандурустӣ (аз ҷумла 3 беморхона ва 8 дармонгоҳ) сохта шудаанд. Айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони беш аз 118 муассисаи таълимӣ ва 30 кӯдакистон идома дорад.
Дар посух ба суоли хабарнигорон оид ба роҳсозӣ ва инфрасохтори нақлиёт муовини якуми раиси вилоят зикр намуд, ки дар нимаи якуми соли равон ба маблағи умумии 103 миллион сомонӣ дар масофаи 1420 километр роҳҳо таъмиру навсозӣ сурат гирифтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, 103,4 км таъмири асосӣ, 956 км таъмири ҷорӣ ва 360 км роҳҳо сангфарш карда шудаанд.
Дар фарҷоми нишаст муовини якуми раиси вилоят аз нақши созандаи рӯзноманигорон дар муаррифии дастовардҳо ва муқовимат ба ҳар гуна ҳуҷумҳои иттилоотӣ изҳори сипос намуда, онҳоро ба ҳамкории минбаъда даъват кард.
- Мо дар симои ҳар як журналист ҳамкору ҳомии арзишҳои миллӣ ва такягоҳи боэътимоди давлатро мебинем, - таъкид намуд муовини якуми раиси вилоят М. Мирзозода.
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.