Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Тарзи ҳаёти солимро интихоб намоед


Тарзи ҳаёти солимро интихоб намоед




Солимӣ асоси некуаҳволии оила ва ҷомеа буда, ҳар як инсон тарзи ҳаёти солимро интихоб менамояд. Солимии ҷомеа асоси сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар  мебошад.  Ҳамин    буд,  ки  солҳои  2000-ум  барои таҳкими  саломатӣ  ва  пешгирӣ  аз  ҳар  гуна  бемориҳо  дар ҷумҳурӣ марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим таъсис дода шуд. 

-  Ҷиҳати  амалигардонии  Стратегияи миллии солимии аҳолии ҷумҳурӣ то  ин  муддат  бо  Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  3  Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. 

Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим бори аввал соли 2000-ум барои  солҳои  2000-2010,  баъдан  барои солҳои 2010-2020 ва солҳои 2022-2026  қабул  гардида,  барои  иҷро  ва баррасӣ  ба  шаҳру  ноҳияҳои  ҷумҳурӣ ва вилоятҳо равон карда шудааст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  мақомоти иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти  давлатии  шаҳру  ноҳияҳои  кишвар  ҷиҳати амалишавии  ин  барномаҳо  бо  таъсис  додани  Шурои  ҳамоҳангсозӣ  ба кори  худ  сар  карданд.  Аз  он  ҷумла, фаъолияти Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Фархор тибқи ин Барномаҳои  миллӣ  роҳандозӣ  шуда, айни  ҳол  дар  10  ҷамоати  шаҳраку деҳоти  ноҳия   фаъолият  дошта,  бо аҳолӣ кор бурда истодааст. 

Солҳои охир ба чашм мерасад, ки бемориҳои  сироятӣ  ва  ғайрисироятӣ дар  дунё  зиёд  гашта  истодааст. 

Тоҷикистон низ аз ин дур нест. Ин аст, ки  Ҳукумати  кишвар  барои  пешгирии бемориҳо  чораҳои  мушаххас  меандешад.  Барои  пешгирии  бемориҳои кӯдакону  наврасон  ҳамасола  якчанд намуд  ваксинаҳо  барои  иммунизатсия  ҷудо  карда  мешавад.  Мутаассифона,  аз  тарафи  аҳолӣ,  аз  ҷумла  аз ҷониби волидайни кӯдакон дар бисёр мавридҳо  пазируфта  намешаванд. 

Чунки  баъди  эмгузаронӣ  дар  организми баъзе аз кӯдакон баланд шудани  ҳарорати  бадан  ё  дигар  ҳолатҳои беморӣ  мушоҳида  мегарданд.  Сабабашро сокинон дар гузаронидани ваксина  медонанд.  Албатта  ин  иштибоҳ мебошад  ва  аз  надоштани  савияи дониши  тиббӣ  буда,  инчунин   надонистани  фоидаи  ваксина  мебошад. 

Ҳоло  ҳам  маърифати  тиббии  баъзе шаҳрвандон  то  андозае  боло  нарафтааст,  ки  барои  пешгирӣ  аз  ин  ё он  беморӣ  ваксинаи  кӯдаконро  сари вақт гиранд. Барои ин мутахассисони Маркази  ташаккули  тарзи  ҳаёти  солими ноҳия бо тариқи гардиши «Хона ба  хона»  дар  байни  аҳолӣ  корҳои фаҳмондадиҳӣ  мегузаронанд,  то кӯдакон  аз  гирифтани  ваксина  қафо намонанд ва аҳолӣ ҷалб карда шавад. Дар  6  моҳи  сипаригашта  корҳои фаҳмондадиҳӣ  дар  байни  аҳолӣ  гузаронида, 41221 нафар кӯдакон аз ваксина гузаштанд. 

Дар  10  ҷамоати  шаҳраку  деҳоти ноҳия дар байни 3700 хоҷагӣ ва 21547 нафар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида  шуд.  Риояи  гигиенаи  шахсӣ  ва ваксинатсияи саривақтӣ яке аз роҳҳои асосии  пешгирии  хуруҷи  бемориҳо мебошад. 

Ҳамин  аст,  ки  ташвиқу  тарғиби ҳамаҷонибаи  тарзи  ҳаёти  солим аз  ҷониби  кормандони  тиб  дар дастаҷамъӣ  бо  аҳолӣ  имконият медиҳад,  ки  маълумоти  аҳолӣ  вобаста  ба  беҳдошти  саломатии  хеш афзун  гардида,  роҳҳои  паҳншавии бемориҳои  сироятӣ  ва  ғайрисироятӣ гирифта шавад. 

Президенти  кишвар,  Пешвои миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон низ   борҳо  чунин  таъкид  кардаанд: «Ҷомеа аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад». Агар саломатӣ хоҳед, тарзи ҳаёти солимро интихоб намоед. 

Қурбоналӣ САФОЛОВ, 
директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими 
ноҳияи Фархор

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода