МУЖДА АЗ НАВРӮЗ БУВАД ҶАШНИ САДА
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 241
![]()
Сокинони шарафманди вилояти Хатлон!
Ба ифтихори фаро расидани яке аз ҷашнҳои бостонии миллати куҳанбунёду тамаддунсозамон – Сада, ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори обод, баракати зиндагӣ ва муваффақиятҳои рӯзафзун орзу менамоям. Бигзор ин ҷашни аҷдодӣ рамзи гармию нур, ваҳдату ҳамдилӣ ва фардои дурахшони халқи соҳибфарҳанги мо бошад.
Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар рушду такомули тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст.
Боиси ифтихор аст, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соли 2009 ҷашни Наврӯз, яъне Соли нави аҷдодии мо бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ гирифт.
Баъдан дар таърихи 6-уми декабрисоли 2023 дар иҷлосияи 18-уми ЮНЕСКО ҷашни Сада ва 4-уми декабри соли 2024 дар 19-умин ҷаласаи ин созмони бонуфуз ҷашни Меҳргон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Имрӯз ин се ҷашни миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон бо номҳои равону зебои тоҷикии худ аз ҷониби мардуми фарҳангпарвари ҷаҳон пазируфта шудаанд, ки боиси ифтихор ва сарфа-розист.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштаанд: “Ҷашни Сада аз ҷумлаи расму ойинҳои аҷдодие мебошад, ки аз даврони хеле қадим ба мо мерос монда, бо ҷашнҳои дигари миллиамон, бахусус, Наврӯзи байналмилалӣ иртиботи қавӣ дорад. Ҷашни Сада аз айёми бостон то ба имрӯз ҳамроҳ бо як силсила расму ойинҳо, одобу суннат ва бовару эътиқодҳо омада расидааст. Моҳият ва асли онҳоро пирӯзии шодию сурур бар ғаму андӯҳ, гармо бар сармо, равшанӣ бар зулмот ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, гулхани фурӯзони оташ рамзи асосии ин ҷашн мебошад. Ҷашни Сада аз омадани баҳор, омода шудани замин барои кишту кор, огоҳӣ аз анҷоми фасли сармо ва аз наздик омадани Наврӯз – соли нави аҷдодӣ башорат медиҳад”.
Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор рафта, рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқ ба солшумории мелодӣ ба поёни рӯзи 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд.
Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.Ҷашни Сада, ки як замон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд, дар заминаи сиёсати фарҳангпарварона ва ташаббусҳои наҷибу созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пойдории Истиқлоли давлатӣ дубора эҳё ва шукӯҳу шаҳомати худро миёни мардум барқарор намуд.
Тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада дар баробари гулханафрӯзию омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, инчунин сокинон аз ҳавлию хонаҳо ашёи фарсудаву партовҳоро берун карда, ба вусъат бахшидани корҳои ободонию тозагӣ машғул мешаванд, либоси тоза ба бар мекунанд, зиёфати хонаводагӣ ва ё суфраи ҷашни Садаро бо гузоштани меваҷот, донагиҳо, хушкмеваҳо, тайёр кардани обмева ва хӯрокиҳои дигар аз анвои орди гандумӣ, ҷавӣ, нахӯдӣ оро медиҳанд.
Яке аз унсурҳои дигари иди Сада баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ дар боғҳои истироҳатӣ ва ташкили намоиш-фурӯши ниҳолу дарахтон, гулу гулбуттаҳо ба шумор рафта, ба ин васила мардум ба корҳои ободонӣ, вусъати маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ бештар ҷалб мешаванд.
Ба хотири пайванди дӯстию рафоқат ба хонаи ҳамсояҳои худ рафта, ба ниёзмандон ба қадри имкон ҳадя мефиристанд. Ин амали эҳсонкорию саховат, ҷавонмардию фурутанӣ ва дастгирии ниёзмандон аз фарҳанги пешдодиёни миллати мо сарчашма мегирад.
Ҷашни Сада чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон, муждае аз наздик расидани баҳор, гиромидошти ойини ниёгон ва бузургдошти Хуршед истиқбол гирифта меша-вад.
Соли 2025 вилояти Хатлон дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, шароити зиндагии халқ дар қиёс бо солҳои пешин беҳтар гардид. Сафарҳои кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дар доираи он ба истифода додани даҳҳо иншооти муҳимми таълимию тиббӣ, фарҳангию варзишӣ, маъмуриву маишӣ, саноативу кишоварзӣ бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ аз дастовардҳои назарраси сол арзёбӣ мешаванд.
Кишоварзони вилоят соли гузашта тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ корҳои муайянро ба анҷом расониданд.
Соли сипаригардида ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 45,2 миллиард сомониро ташкил дода, афзоиши он ба 109,7% расонида шуд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 3,9 миллиард сомонӣ зиёд аст. Ҳиссаи вилоят дар истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ 53,4%-ро ташкил дод.
Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 417,3 ҳазор гектар кишти асосии зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, дар майдони 188675 гектар ғалладонагиҳо, 18802 гектар полезиҳо, 119455 гектар зироатҳои техникӣ, аз ҷумла 108125 гектар пахта, 35891 гектар сабзавот, 12920 гектар картошка ва 41559 гектар кишти зироатҳои хӯроки чорво гузаронида шуда, иҷрои дурнамо ба 100,8 фоиз баробар шуд. Ҳамзамон, дар майдони 127,8 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст.
Бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ҳолати мелиоративии 4657,7 гектар заминҳо беҳтар гардонида шуда, 330 гектар заминҳои аз гардиш берунмонда ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 1,1 миллион тонна ғалладонагиҳо, 2,1 миллион тонна сабзавот, 1,5 миллион тонна полезӣ, 232,6 ҳазор тонна картошка, 450,2 ҳазор тонна меваҷот, 158,6 ҳазор тонна ангур, 273,1 ҳазор тонна гӯшт, 609,5 ҳазор тонна шир, 182,1 миллион дона тухм, 6500 тонна пашм, 137 тонна пилла, 1200 тонна асал ва 3600 тонна моҳӣ истеҳсол карда шуда, суръати рушди истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ аз 100,8 то 157,5 фоиз таъмин гардид.
Ҷиҳати таъмини бозорҳои истеъмолии мамлакат дар майдони 2495,7 гектар гармхонаҳои доимӣ ва мавсимӣ кишти сабзавотҳо гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 75,2 ҳазор тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст.
Соли 2025 вобаста ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар талу теппаҳои бо намӣ таъмини шаҳру ноҳияҳои вилоят дар майдони 54,1 гектар боғу токзори нав бунёд гардида, 138 гектар боғу токзори куҳна барқарор карда шуданд.
Бо мақсади ободу зебо гардонидани ватани азизамон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мавсими ниҳолшинонии солҳои 2024-2025 ба миқдори 717523 бех ниҳолҳои гуногун, 6439697 бех гулу гулбуттаҳо шинонида, дар масоҳати 93406 метри мураббаъ кишти алафҳои ҳамешасабз гузаронида шудааст.
Кишоварзони вилоят бо андешидани тадбирҳои омодагӣ – шудгор, нуриандозӣ, обмонии захиравӣ, обшӯйкунии заминҳо, яхобмонӣ, нигоҳдорӣ ва шиба кардани барф дар бехи дарахтон, захира намудани тухмиҳои сифати аъло ва нуриҳо дар анборҳо ба хотири фаровонҳосилӣ, буриш ва башаклдарории дарахтон, мубориза бар зидди ҳашароту касалиҳо, таъмири олоти коркарди хок ва омода намудани техника ба кишту кори баҳориро анҷом медиҳанд.
Эътимоди комил дорам, ки соли ҷорӣ ба хотири амалишавии барномаҳои стратегӣ ва нақшаву ниятҳои неку созандаи Пешвои муаззами миллатамон, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеоянд, ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту меҳанпарвари вилояти Хатлон азму талоши худро баҳри ободиву шукуфоии сарзамини биҳиштосоямон равона ме-созад.
Мардуми заҳматқарину сарбаланди вилояти Хатлон бо иродаи қавӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ба раванди пешрафту тараққиёти сарзамини биҳиштосоямон вусъати тоза бахшида, аз оғози марҳилаи коркарди замин ва гузоштани заминаи мусоиди фаровонҳосилӣ барои фардои боз ҳам ободу осудаи ватани азизамон пойдевори устувор хоҳанд гузошт.
Бо ҳамин мароми неку ояндасоз, бори дигар мардуми иззатманду сарбаланди вилояти Хатлони бостониро бо фарорасии ҷашни Сада самимона табрик гуфта, ба кулли ҳамдиёрон сиҳатмандиву нишоти умр, бахти поянда, офиятмандӣ ва кушоиши кор таманно дорам.
Ҷашни Сада муборак бод, ҳамдиёрони азиз!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00