ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ БОСТОНИИ ТИРГОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 2
![]()
Ҳамватанони гиромӣ!
Бо шукронаи Истиқлол ва эҳтироми хосса ба тамаддуни бостониву фарҳанги пурғановати халқи тоҷик, фарорасии ҷашни Тиргонро, ки яке аз нишонаҳои олии маънавият, табиатдӯстӣ ва худшиносии миллии ниёгони мост, ба ҳамаи сокинони вилоят ва мардуми шарифи Тоҷикистон самимона таҳният мегӯям.
Ҷашни Тиргон яке аз ойинҳои куҳанбунёди ориёӣ буда, реша дар замири поки миллат ва ҷаҳонбинии табиатгароёнаи ниёгонамон дорад. Ин ҷашн, ки мутобиқи солшумории бостонӣ рӯзи 13-уми моҳи Тир таҷлил мегардад, рамзи покию тозагӣ, сабзиш ва фаровонӣ, дӯстиву ростӣ ва умед ба фардои дурахшон маҳсуб мешавад.
Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Тиргон, ки дар кишварамон ба шарофати истиқлоли давлатӣ бо тамоми суннатҳои деринааш эҳё гардидааст, ҳоло ба ҷашни миллии мо - тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст». Мардуми Хатлонзамин, ки ҳамеша дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ пешоҳанг мебошанд, имсол низ бо рӯҳи баланди созандагиву худшиносӣ, бо эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва бо рӯҳи тозаю зебои табиатдӯстона ин ҷашни бостониро бо шукуҳи хос таҷлил мекунанд.
Дар шаҳру навоҳии вилоят анъанаҳои дерини Тиргон, яъне обпошиву хонашӯйӣ, оростани дастархони идона, баргузории ҷашнвораҳо ва тарғиби суннатҳои нек, намоиши дастовардҳои кишоварзӣ боз ҳам бо мазмуну муҳтавои тоза эҳё гардида истодаанд. Тиргон ҷашни суннатии об, зебоӣ, рамзи тавозун миёни инсон ва муҳити зист, рамзи эҳтиром ба табиат ва неъматҳои он аст. Дар замоне ки масъалаи об ва пиряхҳо ба масъалаи рӯзмарраи глобалӣ табдил ёфтааст, рӯ овардан ба ин арзишҳои фарҳангии ниёгонамон бароямон боис ифтихор буда, зарурати маънавӣ ва фарҳангӣ маҳсуб мешавад.
Пешвои муаззами миллат дар паёми худ бо ифтихор зикр намуданд, ки: «Созмони Милали Муттаҳид се ташаббус ва пешниҳоди Тоҷикистонро доир ба ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои об қабул кард…». Ин нишон медиҳад, ки масъалагузориҳои мубрами Пешвои миллат имрӯз ба сатҳи сиёсати ҷаҳонӣ баромадаанд ва моро зарур аст, ки дар ҳифзу истифодаи оқилонаи манбаъҳои обӣ намунаи ибрати ҷаҳониён бошем.
Имрӯз вақте мо бо ифтихор аз Тиргон ёд мекунем ва онро бо шукӯҳ таҷлил менамоем, бояд фаромӯш насозем, ки об неъмати ҳаёт ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии мост. Ба қадри об расидан, онро пос доштан ва истифодаи оқилонаи он барои ҳар як сокини Хатлонзамин бояд ба як принсипи зиндагӣ табдил ёбад.
Бо мақсади ҳифзи ин неъмати бебаҳо ва нигоҳдории муҳити зист мо дар вилоят иқдомҳои зиёди амалиро роҳандозӣ намуда истодаем, аз таъмири шабакаҳои обёрӣ то тоза нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ ва тарғиби фарҳанги сарфаю оқилонаи истифодаи об. Ин ҳама амалу ибтикорот дар рӯҳияи ҷашни Тиргон ва бо нигариш ба фалсафаи зиндагисози он роҳандозӣ мегардад.
Ҳамдиёрони арҷманд!
Мақоми ҷашни Тиргон дар таҳкими худшиносии миллӣ низ қобили зикри хос аст. Мутобиқ ба сарчашмаҳои таърихӣ, ин ҷашн аз байн нарафта, аз шебу фарози асрҳо гузашта, бо талоши ниёгон, бо сабру таҳаммул ва иродаи мустаҳками мардум, бо вуҷуди саддҳои таърихӣ то ба рӯзгори мо омада расидааст. Таҷлили ҷашни Тиргон як навъ пайванде миёни наслҳои дирӯзу имрӯзу фардост.
Ҷашнҳои миллии мо - Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон ҷавҳари ягонаи фарҳангӣ ва ахлоқии миллати тамаддунофари тоҷикро ташкил медиҳанд. Ин ҷашнҳо бо худ некукорӣ, меҳрварзӣ, шодмонӣ, покӣ ва тарғиби эҳтиром ба зиндагӣ ва инсонҳоро меоранд. Мо, мардуми вилояти Хатлон, имрӯзҳо дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳёи арзишҳои фарҳангии аҷдодӣ ин ҷашнро таҷлил мекунем. Дар қатори садҳо корҳои ободониву созандагӣ, эҳёи ҷашнҳои миллӣ низ як рукни муҳимми рушди маънавии ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллии мост. Ҷашни Тиргон ҷашни шодиву сабзӣ, покиву ростӣ ва ҳамдигарфаҳмии инсонҳост.
Мо бо таҷлили он ба суннатҳои гузашта эҳтиром мегузорем, арзишҳои имрӯзу фардоро таҳким мебахшем. Ҷашнҳои миллӣ омили тавонои муттаҳидсозандаи ҷомеа ва василаи тақвияти рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллианд. Бо ҳамин ният, бори дигар сокинони бонангу номуси вилояти Хатлон, мардуми тамаддунсози тоҷик ва тамоми дӯстдорони фарҳангу суннатҳои дерини миллати моро ба ифтихори ҷашни бостонии Тиргон самимона табрик мегӯям.
Орзу дорам, ки ин ҷашни зебову ҳикматбор дар қалбҳои мо меҳру вафо, покиву ҳақиқат ва дӯстию садоқатро бештар парвариш диҳад ва ба зиндагии ҳар фарди ин сарзамин файзу баракат ва сарсабзиву нусрат оварад.
Бигзор осмони Тоҷикистон ҳамеша софу беғубор монад!
Ҷашни бостонии Тиргон муборак бод!
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00