ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ПОКИСТОН ДАР САТҲИ МИНТАҚАВӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 94
![]()
Дар доираи Форуми байналмилалии «Хатлон - қалби сайёҳӣ» имрӯз дар шаҳри Кӯлоб мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар баргузор гардид.
Ҷонибҳо зимни дидор доир ба маҷмуи васеи масоили ҳамкории дуҷониба, хусусан дар самтҳои рушди тиҷорату сармоягузорӣ, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, робитаҳои фарҳангӣ ва рушди сайёҳӣ табодули афкор намуданд. Раиси вилоят аз сатҳи равобити дӯстона ва шарикии стратегии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон изҳори қаноатмандӣ намуда, вилоятро омодаи густариши ҳамкориҳо бо музофотҳои Покистон, бахусус Хайбар Пахтунхва донист.
Дар рафти суҳбат таъкид гардид, ки таҳкими робитаҳои байнивилоятиву байниминтақавӣ дар пояи иродаи сиёсӣ ва дастгирии роҳбарони олии ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Ҷумҳурии Исломии Покистон имкониятҳои навро барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои амалӣ фароҳам меорад.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи июни соли 2024 раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар губернатори музофоти Хайбар Пахтунхваи Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Файсал Карим Кундӣ ва ҳайати ҳамроҳони ӯро ба ҳузур пазируфта буд. Он мулоқот таҳкимбахши робитаҳои байниминтақавии Тоҷикистону Покистон ба шумор мерафт.
Сафири Покистон Муҳаммад Саид Сарвар бо ишора ба мероси муштараки таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар, изҳор дошт, ки робитаҳои Тоҷикистону Покистон дар асоси дӯстию эътимоди мутақобила рушд намуда, тайи 33 соли муносибатҳои дипломатӣ ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Раиси вилоят ба Сафири Покистон ҷиҳати саҳми арзишманд дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба, хусусан дар самти вусъати робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ изҳори сипос намуда, ҷонибҳоро ба ҷалби сармоя ба соҳаҳои саноати сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ даъват кард.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки ташкили форумҳои муштараки соҳибкорон, густариши ҳамкориҳои байни донишгоҳҳои ду кишвар ва рушди нақлиёти боркашонӣ тавассути коридори Покистон-Афғонистон-Тоҷикистон метавонад заминаҳои амалии нав барои ҳамгироии минтақаӣ эҷод намояд.
Ҷонибҳо ба натиҷагирӣ расиданд, ки дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ метавон сатҳи ҳамкориҳоро дар доираи лоиҳаҳои муштарак ба маротиб тақвият бахшид.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...