ВОСЕЪ: РАИСИ ВИЛОЯТ МЕҲМОНХОНАИ “ДАРЁ”-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 93
![]()
Имрӯз, 19 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ меҳмонхонаи “Дарё”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, барои 20 ҷойи хоб пешбинӣ шудааст.
Аснои шиносоӣ бо тарҳи бино ва сатҳи хизматрасонӣ дар он раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба сифати корҳои сохтмонӣ ва иқдоми ватандӯстонаи соҳибкори маҳаллӣ баҳои баланд доданд.
Намои берунаи бино бо тарҳ ва усули меъмории миллӣ оро ёфта, қомат афрохтани он ба ҳусни ноҳия зебогии тоза зам менамояд. Гирду атрофи иншоот бо дарахтони сояафкану гулҳои мавсимӣ зебо шуда, тамоми роҳраву гузаргоҳҳои он сафолакпӯшу чароғон гардидааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки ба фаъолият пардохтани меҳмонхонаи мазкур ҷиҳати татбиқ ва амалишавии барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи туризм замина гузошта, ҳамчунин барои бо кор таъмин намудани аҳолии бешуғл мусоидат менамояд.
Дар Хатлон 933 ёдгорӣ ва мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 121 меҳмонхона, 139 мавзеи сайёҳӣ, 251 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 142 тарабхона, 45 осорхона, 19 ширкати сайёҳӣ, 128 чойхона, 371 банкомати хизматрасонии бонкӣ, 50 ҳомстей (хонаҳои меҳмонқабулкунии маҳаллӣ), 68 мағозаи фурӯши армуғон, 115 зиёратгоҳ, 45 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгашт, 80 ишораи сарироҳӣ ва 26 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00