Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ВОСЕЪ: БОЗДИД АЗ НАШЪУНАМОИ ПАХТА, САБЗАВОТҲО ВА КИШТИ ТАКРОРӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “СИНО-2010”


ВОСЕЪ: БОЗДИД АЗ НАШЪУНАМОИ ПАХТА, САБЗАВОТҲО ВА КИШТИ ТАКРОРӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “СИНО-2010”




Имрӯз, 19 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти ба номи А.Авазови ноҳияи Восеъ аз нашъунамои пахта, сабзавотҳо ва кишти такрорӣ дар хоҷагии деҳқонии “Сино-2010” боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии хоҷагӣ 20 гектар замин буда, дар 14 гектар пахта, 2 гектар помидор, 1 гектар сирпиёз кишт намуда, дар 3 гектар кишти такрорӣ гузаронидааст.

Ба гуфтаи мутахассисон, нашъунамои пахта хуб буда, гузаронидани саривақтии корҳои агротехникӣ ва коркарди байниқаторӣ заминаи хубро барои нашъунамо фароҳам овардааст. Хоҷагии мазкур ҳамасола бо бардоштани ҳосили фаровон дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ нақши назаррас дорад.

Бино ба таъкиди раиси вилоят Давлаталӣ Саид, кишоварзону саҳмдорон вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд масъулияти зиёдтар дошта бошанд ва барои таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ саҳми бештар гузоранд.

Қобил ба зикр аст, ки дар ноҳияи Восеъ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, аз ҳисоби заминҳои бекорхобида майдони кишти картошкаву пиёз ва дигар зироати ғалладонагиҳо зиёд карда шудааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода