Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ВОСЕЪ: БОЗДИД АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПИЁЗ, КАРТОШКА, САБЗӢ ВА НАШЪУНАМОИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ҲОҶӢ ПАРТОВ”


ВОСЕЪ: БОЗДИД АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПИЁЗ, КАРТОШКА, САБЗӢ ВА НАШЪУНАМОИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ҲОҶӢ ПАРТОВ”




Имрӯз, 19 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ аз рафти ҷамъоварии ҳосили пиёз, картошка, сабзӣ ва нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Партов” дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии хоҷагӣ 18 гектар буда, дар 4 гектар гандум, 0,50 гектар пиёз, 0,50 гектар картошка ва 13 гектар пахта кишт намудааст.

Ҳоло деҳқонон ба ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ машғул буда, аз ҳосили бадастомада қаноатманд мебошанд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо деҳқонон суҳбати самимӣ намуда, саҳми онҳоро дар таъмини амнияти озуқавории кишвар бориз арзёбӣ намуданд.

Раиси вилоят ба фаъолияти кишоварзону аҳолии ноҳия дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки дар вазъи норасоии маводи ғизоӣ дар як қатор давлатҳои ҷаҳон, тағйирёбии иқлиму камобӣ чунин кӯшишҳои кишоварзон имкон медиҳад, ки талаботи аҳолӣ бо маводи ғизоии истеҳсоли худӣ таъмин карда шавад.

Обу хоку иқлими хос ба картошкапарварӣ, истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ - заминҳои Президентӣ, қитъаҳои замини назди корхонаю муассисаҳо, истифодаи тухмиҳои ба иқлими ноҳия мутобиқи серҳосил, риояи агротехника, кордонию таҷриба, донишу маҳорати кишоварзону сокинони ноҳия ба афзун намудани истеҳсоли маводи асосии ғизоӣ равона гардидааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода