ВОСЕЪ: БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “АБДУҶАББОР”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 102
![]()
Имрӯз, 19 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ аз самаранок истифодабарии замин дар хоҷагии деҳқонии "Абдуҷаббор"-и ҷамоати деҳоти Миралиобод боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии хоҷагӣ 34 гектар замин буда, дар 10 гектар моҳипарварӣ, 7 гектар боғи интенсивии ангур, 3 гектар арчазор, 0,15 гектар гармхона ва 2 гектар пахтаро ба роҳ мондааст.
Заҳмати шабонарӯзӣ, истифодаи мақсадноки ҳар ваҷаб замин ва гирифтани ду-се ҳосил аз замин эҳтиёҷоти сокинонро қонеъ гардонида аз ҳисоби фоида сатҳи зисту зиндагонии худро беҳтару хубтар месозанд.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо хоҷагидор таъкид намуданд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин, кишти такрорӣ ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти босифат бояд дар меҳвари фаъолият қарор гирад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо ёдоварӣ аз як қатор омилҳо, хусусан, шиддат гирифтани оқибатҳои тағйирёбии иқлим, хавфи норасоии оби полезӣ дар натиҷаи кам гардидани оби дарёҳо ва дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт таъкид намуданд, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ бештар диққат дода шавад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...