Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ВОСЕЪ: БОЗДИД АЗ НАШЪУНАМОИ ПАХТА ВА КИШТИ ТАКРОРӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САФОЛ”


ВОСЕЪ: БОЗДИД АЗ НАШЪУНАМОИ ПАХТА ВА КИШТИ ТАКРОРӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САФОЛ”




Имрӯз, 19 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар хоҷагии деҳқонии "Сафол"-и ҷамоати деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ бо нашъунамои пахта ва кишти такрорӣ шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии хоҷагӣ 28 гектар замин буда, дар 20 гектар пахта, 0,50 гектар пиёз, 0,50 гектар картошка ва 7 гектар гандум кишт шудааст.


Ҳадаф аз боздид таҳкими тадбирҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин ва дастгирии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ арзёбӣ мегардад.
Ҳоло пахта нашъунамои хуб дошта, дар сурати риояи талаботи агротехникӣ, хоҷагидорон аз ҳар гектар ҳосили хуб ба даст меоранд.


Раиси вилоят дар суҳбат бо кишоварзон таъкид намуд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин, кишти такрорӣ ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти босифат бояд дар меҳвари фаъолият қарор гирад. Дар ин замина, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва мутобиқ ба иқлими маҳаллӣ ҳамчун омили калидии баланд бардоштани ҳосилнокӣ арзёбӣ шуд.


Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи ҳукумат ба кишоварзон баён доштанд, имсол дар вилояти Хатлон дар майдони 124,5 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад, ки ин ин шумор 41 ҳазор гектараш бо усули нави зери плёнка кишт карда мешавад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода