Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ФАРХОР: БОЗДИД АЗ НАШЪУНАМОИ БОҒИ ПИСТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “АБДУҶАББОР”


ФАРХОР: БОЗДИД АЗ НАШЪУНАМОИ БОҒИ ПИСТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “АБДУҶАББОР”




Имрӯз, 19 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархор бо нашъунамои боғи писта дар хоҷагии деҳқонии “Абдуҷаббор” шинос шуданд. 

Ба раиси вилоят иттиллоъ дода шуд, ки маҷмӯи заминҳои дар ихтиёрдоштаи хоҷагӣ 35 гектар буда, 25 гектарашро боғи писта ташкил медиҳад. Ташкили боғ дар ин мавзеъ бо назардошти талаботи замон бунёд шуда, ниҳолони писта бо усули обёрии қатрагӣ парвариш карда мешаванд.


Роҳбари хоҷагӣ Холиқов Шарифхон иттилоъ дод, ки дар боғ ниҳолҳои навъи тоҷикӣ дар 21 гектар, эронӣ 2 гектар, туркӣ 2 гектар шинонида шуда, 20 нафар мавсимӣ ва 5 нафар доимӣ сокинон ба кор фаро гирифта шудаанд.       

     
Қобил ба зикр аст, ки боғи писта бо риояи талаботи қоидаҳои агротехникӣ бунёд шуда, айни ҳол ниҳолҳо нашъунамои хуб доранд. 
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз ташаббуси бунёдкорони боғ ҷиҳати ташкили боғу токзорҳо дар заминҳои бекорхобида изҳори қаноатмандӣ намуда, иқдоми мазкурро намунаи олии пайгирӣ аз иқдомоти созандаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ карданд ва ба роҳбарияти ноҳия ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои минбаъдаи соҳибкорону кишоварзон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба рушди иқтисодиёти миллӣ, дар шароити табиии кишвар, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои ҷангал, аз ҷумла писта, маҳсуб меёбад. 


Шароити имрӯзаи вилояти Хатлон барои бунёди боғҳои писта захираҳои зиёди заминҳои наздикӯҳӣ, минтақаҳои кӯҳсор ва водиҳои лалмӣ, ки дар баландиҳои 500-1400 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд, истифода бурдан мумкин аст, чунки хусусиятҳои хоси биологию экологии писта, дар шароити гармиҳои хушк ва сардиҳои баланд тобовар будан, имкон медиҳад, ки майдонҳои зиёд барои бунёду парвариши боғҳои саноатии писта аз худ карда дар тараққиёти соҳаи пистапарварӣ дар Тоҷикистон ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум мусоидат намояд.













Все реакции:5Умарҷон Тошматов, Alisher Abdulmajid и ещё 3

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода