Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Даври вилоятии озмуни “Тоҷикистон - ватани азизи ман” дар Хатлон оғоз ёфт


Даври вилоятии озмуни “Тоҷикистон - ватани азизи ман” дар Хатлон оғоз ёфт




Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - ватани азизи ман” шурӯъ аз 17 июни соли равон дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар баргузории ин озмун барои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз гардид.

Озмун тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷараён дошта, баргузории он то 21 июн идома меёбад.

Баргузории даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон ватани азизи ман" бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода ва масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва намояндагони бахшҳои фарҳанг дар назар аст. Дар доираи даври вилоятӣ иштироки 881 нафар довталабон аз шаҳру навоҳии вилоят ба нақша гирифта шудааст.



Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - ватани азизи ман” чанд сол боз бо ҳадафи дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи суруду мусиқӣ ва тарғиби фарҳанги миллӣ баргузор мегардад. Озмун барои рушду такмили маҳорати овозхонӣ ва эҷодкории наврасону ҷавонон мусоидат менамояд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода