Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Таҷрибаомӯзӣ ба хотири ҳамкорию дӯстии тоҷикону ӯзбекон


Таҷрибаомӯзӣ ба хотири ҳамкорию дӯстии тоҷикону ӯзбекон





Пеш  аз  ҳар  як  сафар  ба  андеша  меравему  мехоҳем  тасаввур  кунем,  ки  чиҳо моро интизор аст. Барномаву мақсади сафар  аниқ  бошад  ҳам,  ҳисси  кунҷкобиамон ғалаба мекунад, моро осемасар карда, тезтар фаро расидани онро бесаброна интизор мешавем.

АНДЕШАҲОИ РОҲ


Сафар ба Тошканд, ба Донишгоҳи давлатии забон ва  адабиёти  ӯзбек  ба  номи  Алишери  Навоӣ  аз  рӯйи шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкориҳо бо Донишгоҳи давлатии  Бохтар  ба  номи  Носири  Хусрав  тарҳрезӣ  шуд. 

Соли гузашта ҳайати 16-нафараи устодону донишҷӯёни ин  мактаби  олӣ   меҳмони  Хатлон  шуда  буданд.  Дар доираи  мубодилаи  таҷрибаи  педагогиву  илмии  ду донишгоҳ  иштирок  ба  дарсҳо,  шиносоӣ  бо  фаъолияти  факултетҳои   филологияи  тоҷик,  забони  хориҷӣ  ва забони  русӣ,   саёҳат  дар  шаҳри  Бохтар  ва  тамошои мавзеи Зағертут, меҳмондории тоҷикӣ, таассуроти хотирмон   рамзи  мустаҳкам  шудани  робитаҳои  дӯстиву ҳамкориҳои на танҳо ду муассисаи таҳсилоти олӣ, балки эҳёи  ҳамбастагиҳои  қадимаи  ду  халқи  ҳамсояву  дӯст  - тоҷикону ӯзбеконро нишон медод.

Сафари  ҳайати  устодони  донишгоҳамон  –муовини  ректор  оид  ба  илм  ва  инноватсия  Ҳ.  Сафарбекзода,  профессор  А.  Сатторов  ва  дотсент  С.  Шарипов  ба Донишгоҳи  давлатии  Самарқанд  ба  номи  Шароф  Рашидов  ва  Донишгоҳи  давлатии  Бухоро  дар  оғози  соли таҳсил раҳкушоӣ ба мубодилаи таҷрибаи олимони ду кишвар буд.

Иқдоми ду роҳбари дурандеш - Президентҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ин раванд замина гардида, барои вусъати минбаъдаи ҳамкориҳо муосидат намуд. На танҳо роҳҳои байни давлатҳоямон кушода шуданд, балки дар ҳамаи сатҳҳо иқтисодиёт, сохтмон, тиҷорат, илму маориф, тандурустӣ ва аз ҳама муҳим, барои равуои мардуми ду кишвар имкони боварӣ пайдо гардид.

Сафари  мо  низ  дар  доираи  омӯзиши  таҷрибаи ҳамдигарӣ аз шарофати ҳамин сиёсати сулҳпарваронаву рафоқату дастгирӣ сурат гирифт.

Раҳораҳ  ҳамон  вохӯриҳоро  бо  дӯстонамон  ба  ёд меовардем. Субҳи баҳори Бохтар моро дуои сафар медод. Нурҳои тезу гарми офтоб шишаи мошинро рахна карда, бо суръати мошин мусобиқакунон атрофро равшан мекарданд. Водии Вахш аз хоб бедор шуда, аз оғози рӯзи  гарме  хабар  медод.   Дарёи  Вахшу  ангурбоғҳои Фахробод,  боғҳои  навниҳоли  мевадор,   пахтазорону талу  теппаҳо  паси  сар  шуданд.  Гӯё  мо  аз  гармо  гурехта, ба мавзеи дигаре расида будем, аз хамгашти ағбаи Фахробод, ҳавои салқини водии Ҳисор ба машом мезад. Қуллаҳои  кӯҳҳои  ҳоло  ҳам   барфпӯш,  деҳаву  бозорҳои нави  ноҳияи  Рӯдакӣ,  дарёи  Кофарниҳон  чун  остонае моро торафт ба макони хонаҳои бисёрошёна, кӯчаҳои серодаму  ҳаракати  мошинҳои  зиёд  наздик  мекарданд. Пойтахти  давлатамон  –  шаҳри Душанбе бо ободиву рушди босуръати худ, такопӯйи мардум, сохтмонҳову гулгаштҳояш ҳар дафъа дар ҳайрат мемононад. Эҳсоси ифтихори тинҷиву амонӣ, зеботар шудани шаҳр ба дилҳо фараҳ мебахшад. 

Аз шавқу шӯри ҳаёти шаҳр ба дараи Варзоб ворид шуданамон табъро болида месохт. Роҳҳои ҳамвору дарахтони канори роҳ, маҳаллаву бӯстонсароҳои навсохти замонавӣ,  дарёву  чашмаҳои  кӯҳӣ  ба  табиати  хушбоду ҳавои Варзоб зебоӣ зам намуда, бинандаро шефтаи худ мегардонданд. Дар оғӯши ин мавзеи табиати афсункор даме истироҳат кардан орзуи ҳар як мусофир аст. Дар аввалин  гузаргоҳи   Ҳушёрӣ  ва  Майхӯра  назди  бозори алафу гиёҳҳои кӯҳӣ ва асалу қурут таваққуф кардем. Аз бӯйи  гиёҳҳои  кӯҳӣ  равони  кас  ба  қавле  “маст   мешуд”, неру мегирифт. Табиӣ ва манфиатбахш будани онҳо бозорро  гарм  карда,  харидорони  мусофир  интихоби  хуби савдо доштанд. Мо ҳам аз тагисангиҳои тару тоза хари-дем. Мазаву серобии он аз чукрӣ фарқ дошт. Зеро тагисангии гулобранг аз шоридани оби тармаҳои кӯҳӣ раставу аз шамолу ҳавои баҳори кӯҳистон баҳравар шудааст. Ин на танҳо барои сайёҳони хориҷӣ, балки худи мо ҳам камёфту нодир ба ҳисоб меравад. 

Суҳбату шӯхиҳои ҳамсафарон, садои мусиқии мошин роҳро кутоҳ мекарданд. Гузаштан аз нақбҳои хурд, қадқади  соҳили  дарёчаҳои  зиёди  Фон,  Тагобу  Зарафшон, кӯҳҳои  серсанги  сафеду  сурху  хокистарӣ,  торафт  ба боло баромадани мошин аз паймудани қисми зиёди роҳ дарак  медод.  Деҳаҳои  сарироҳӣ  ва  хонаҳои  дар  болои талу тепппаҳои баланд сохтаи мардумро дида, бегумон шеъри устод М. Турсунзода ба хотир меомад: “Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор...” ба тоҷикон хос аст, ки одамони озодидӯсту нотарс, боғуруру боирода дар чунин шароит  зиндагӣ  карданро  ихтиёр  мекунанд. 


Заминҳои полезиву сабзавот, ҳотаҳои сердарахту боғ, подаи бузу гӯсфандон ва сари кори деҳқонӣ машғул будани мардумро  мебиниву  аз  дил  мегузаронӣ”  Оё  аз  ин  Ватан  дида ҷойи  зеботаре  ҳаст?”  Ҳамзамон  таровати  чор  фасли солро дар чор гӯшаи он дидан ба ваҷд меорад. Амин мешавӣ, ки дар ҳақиқат, Тоҷикистон биҳишт аст.

Табиати нотакрори дараи Анзоб бо кӯҳҳои сарбаланду  сербарфу  дараҳои  тармадораш  бинандаро  мафтун мекард. Насими кӯҳсор дар худ сардии абрҳои сафеду тармаҳоро дошт. Аз қуллаҳои кӯҳ ва оғӯши дараҳо абрҳои хурду калон бехушона ба боло мебаромаданд. Дар осмони кабуду соф боз ҳам сафедтару ҷилодор шуда, роҳи худро меҷустанд. Сояи абрҳои калонтар дар рӯйи дашту теппаҳо манзараро нимторику нимравшан карда, рангорангии  табиатро  меафзуданд.  Уқобони  баландпарвоз чун сокинони мутлақи ин қуллаҳои дастнорас пайи шикори худ буданд. Чашм аз дидани ин гӯшаҳои диёр сер намешуд. Пайиҳам зебоияш ҷолибтар менамуд. 

Сохта  шудани   нақбҳои  Истиқлолу  Шаҳристон, равуои  мошинҳои  пурбору  мусофирбар  қудрату  иродаи  одамро  мефаҳмонад.  Барои  ин  меҳнати  ҳазорон ҳамватанонамон,  шарикони  рушд  баҳри  ҳамбастагии мардум, иртиботи доимии шимолу ҷануби кишвар, минбаъд  барои  баромадан  аз  бунбасти  коммуникатсионӣ сарф  гардид,  ки  шоистаи  таҳсин  аст.  Раҳораҳ  шиору овезаҳо ва акси Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   чун  ташаббускори  пешравиҳои  Тоҷикистон амалӣ шудани сиёсати халқпарваронаро нишон медод. 


ДУРУД, ӮЗБЕКИСТОН!


Аз гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон - Ойбек  гузаштему  ба  замини  кишвари  ҳамсоя  қадам  мон-дем. Аз як дарё об хӯрдану аз як ҳаво нафас кашидан ҳамсоягиву  пайвандии   халқҳои  моро  далел  аст.  Ҳатто ронандаҳо тоҷикӣ пазироӣ мекарданду ба мо раҳнамо шудан  мехостанд.  Ҳайати   8  нафараи  мо  -  дотсентон Қ.  Наимзода,  А.  Ниёзӣ,  Х.  Иззатуллоева,  саромӯзгорон С. Холматов, Ш. Расулова ва донишҷӯён –Рамазон Холов  ва  Муҳаммад  Тоҷиевро  хуш  истиқбол  карда,  сӯйи Тошканд  равона  шудем.  Барои  шахсе,  ки  аввалин  бор ба Ӯзбекистон омадааст, шояд шавқовар бошаду дидани чизҳои ношиносу ғайриодиро ҷӯё шавад. Бо вуҷуди якхела  будани  деҳаву  ноҳияҳо,  одамони  бо  ду  забон гуфтугӯкунанда,  равуои  озоди  мардуми  назди  сарҳад, деҳқониву  киштзорҳо,  номҳои  ягонаи  маҳаллаҳо    ба Ӯзбекистон як чиз хос аст. Дар канори шоҳроҳҳо қатори дарахтони ар-ару сарв, дар болои пойгоҳҳои симчӯбҳои дохили  дашт  лона  гузоштани  лаклакҳо,  водиҳои  васеъ ва  кӯлу  обанборҳо,  навиштаҷоти  хатти  лотинӣ  давлати дигар будани онро хотиррасон мекунад.


Инсон дар муқоиса ба хулосае меояд. Рушди саноат, инфрасохтори иҷтимоии деҳот, ташкили гармхонаҳои замонавӣ, биноҳои баландошёна, мағозаву тарабхонаҳои калон аз сатҳи зиндагии мардуми ҳамсоякишвар шаҳодат медод. 


Пойтахти  Ӯзбекистон  –  шаҳри  Тошканд   дар  Рӯзи якдилии  меҳнаткашони  ҷаҳон  моро  истиқбол  мекард. Ин  рамзӣ  буд.  Дӯстии  ҳамаи  миллатҳо,  хосса  тоҷикону ӯзбекон,  ки  решаҳои  қадимӣ  дорад,  ҳамраъйӣ  ва ҳаммаромии ду давлатро ифода менамояд. 


Аз боғи сердарахту зебои ба номи Алишер Навоӣ гузашта, ба донишгоҳ ворид шудем. Муҷассамаи шогирди 
шоири номвари мо Абдураҳмони Ҷомӣ – Алишери Навоӣ чун рамзи дӯстиву садоқати устоду шогирд побарҷо аст. Дидори дӯстонамон профессор Нусратулло Ҷумъахоҷа, докторони  илмҳои  филологӣ  Иқболой  Адизова  ва   Орзугул  Ҳамроева,  номзади  илмҳои  филологӣ   Махфуза Тӯйчиева, магистрон ва донишҷӯён моро шод намуд.

Сари як пиёла чой дар қаҳвахонаи “Бухоро”, ки пешхизматонаш тоҷикон буданд, аз ҳоли якдигар пурсон шудем.


-  Аз  сафарамон  ба  Тоҷикистон,   Бохтар  як   сол  гу-зашт, аммо ҳоло ҳам дар бораи он ба ёд меорем, - гуфт Махфуза. -Хеле тамошо кардем, меҳмондории тоҷикиро дидем. -Агар ҳамкориҳоямон мустаҳкам гардад, боз мо меравему шумоён ҳам меоед, - илова кард Орзугул.


Аз суҳбати дӯстон кӯфти роҳ ҳам баромаду тамошои Тошканди шабона кайфияти хуш бахшид. 


АЗ РАВЗАНАИ ШИНОСОӢ 


Пазиройии   ҳайати  мо  аз  мулоқоти   муовини  ректор  оид  ба  илму  инноватсия    ва      муносибатҳои байналмилалӣ Нозлия Нормуродова оғоз шуд. 


-Донишгоҳи  забон  ва  адабиёти  ӯзбек  ба  номи  Алишер Навойии Тошканд таърихи 8-сола дорад. - маълумот дод Н. Нормуродова. Аммо дар байни 300 донишгоҳи равияи филологӣ доштаи кишвар мақоми худро дорад. 

Аз он ҷиҳат беназир аст, ки барои омӯзиши танҳо як забону адабиёти алоҳида донишгоҳе таъсис дода нашудааст. Ташкил шудани чунин мактаби олӣ дар Ӯзбекистон боиси ифтихори мост. Иқдоми собиқ президенти кишвар Ислом Каримов ва дастури ӯ ба Роҳбари имрӯзаи давлат Шавкат Мирзиёев, ҳамоҳанг сохтани неруҳои навоишиносони беҳтарин бо сарварии ректори имрӯзаи донишгоҳ академик  Ш.С.  Сироҷиддинов  имкон  додааст,  ки  чунин маркази таълимиву илмии неруманд фаъолият намояд. Ҳадафи асосии ташаббускорон боло бурдани ифтихори миллати ӯзбек, муаррифии забони ӯзбекӣ, осори Навоӣ ва пеш аз ҳама, ҳувияти миллӣ буд. 


 Аз  суҳбат  аён  гашт,  ки   дар  донишгоҳ  аз  рӯйи  11 равия  омӯзиши  забонҳо  ба  роҳ  монда  шудааст.  Ба ғайр  аз  забони  ӯзбекӣ,  таълими  забонҳои  англисӣ, фаронсавӣ,  форсиву  арабӣ,   русӣ  ба  он  имкон  додааст,  ки  донишҷӯёни  хориҷӣ  таҳсил  намоянд.  Ба  замми 7000  донишҷӯ,  ки  дар  се  бастрӯзонаву  шабона  илм меомӯзанд,  200  нафар  донишҷӯёни  кишварҳои  Чин, Корея, Амрико, Озарбойҷону Туркия бо омӯхтани забони  ӯзбекӣ  машғуланд.  Ба  онҳо  110  доктори  илм,  даҳҳо номзадҳои илм дарс мегӯянд. 


-Ба ғайр аз таҳқиқи масъалаҳои забон ва адабиёти ӯзбек  донишгоҳи  мо  бо  кишварҳои  хориҷӣ  робитаҳои хуби  ҳамкорӣ  дорад,  -  илова  кард  Н.  Нормуродова.  - Мо дар шаҳрҳои Бурсаи Туркия, Ӯши Қирғистон, Ганҷаи Озарбойҷон.  Хопаи  Корея  Марказҳои  омӯзиши  забони  ӯзбекӣ  ташкил  кардаем.  Дар  доираи  ҳамкориҳо бо  Тоҷикистон  дар  Донишгоҳи  давлатии  Бохтар  ба номи  Носири  Хусрав  чунин  марказро  таъсис  доданием. Марказҳои фарҳангии кишварҳои хориҷӣ дар худи донишгоҳ ҳам фаъолият доранд.


Суҳбат  бо  устодон  ва  донишҷӯёни  факултет,  иштирок  дар  машғулиятҳои  дотсент  С.  Қамбарова  оид  ба китоби  дарсии  адабиёт  дар  синфи  11-ум,  номзади  илм П. Иззатуллоев аз забони форсӣ, доктори илм Орзугул Ҳамроева доир ба матншиносӣ бисёр ҷиҳатҳои омӯзишӣ дошт.  Донишҷӯён  мустақилона  хатти  классикиро  мехонанд,  аз  вазну  санъати  шеър  огаҳанд.  Ба  воситаи  ин-тернет аз китобхонаҳову бойгониҳои кишварҳои Олмону Фаронса  дастхатҳоро  ҷустуҷӯ  мекунанд,  ба  кори  эҷодӣ шавқманданд.  Дар  ҳар  як  аудитория,  толори  лексионӣ тахтаҳои электронӣ ва ноутбук барои устод, дар китобхона, хобгоҳи донишҷӯён низ шабакаи интернет ройгон пешниҳод шудааст. Истифодаи телефонҳои мобилӣ танҳо  барои  дарс  иҷозат  дода  шудааст.  Ҳамқадами замон  будан  ба  маънои  томаш  барои  васеъ  кардани ҷаҳонбинӣ, донишу истеъдод фаҳмида мешавад. 


БАРОИ ИТТИЛОИ САРЕЪВУ ФАРОГИР


Маркази иттилоотии донишгоҳ ду медиагурӯҳ дорад, ки  бо  техникаи  муосири  иттилотӣ  таъминанд.  Роҳбари Хизмати матбуотӣ Маъсума Обидҷонова моро бо фаъолияти мухбирон - донишҷӯёни фаъолу эҷодкор шинос намуда,  иттилоъ  дод,  ки  дар  бораи  ҳамаи  воқеаҳову чорабиниҳои донишгоҳ тавассути сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабар мерасонанд. Танҳо аз сомона зиёда аз 39 ҳазор истифодабаранда маълумот мегиранду он бо се забон-ӯзбекӣ, англисиву русӣ омода мешавад. Набудани нашрияи чопӣ барои онҳо муқаррарӣ буда, фаро-гирии васеи аудитория муваффақона сурат гирифтааст. Таваҷҷуҳу вокуниши устодону донишҷӯён ба маводи со-мона ба ҳалли бисёр масъалаҳо кумак мекунад. 


ДАР СУРОҒИ ВОСИФӢ


Вақте ки ба муҳити илму адаб ворид мешавӣ,ҳисси решапайвандӣ моро бо адабиёти гузаштагонамон рӯ ба рӯ месозад. Агар ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро саёҳат равем, бешубҳа, ёди Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ моро дунболагир мешавад. Зиёрати хона –музейи устод С. Айнӣ дар Самарқанд барои ҳар як тоҷик арзи поси хотири на танҳо як адиби сермаҳсулу шуҳрати ҷаҳонӣ до-шта, балки ифтихори тоҷикист. Медонистем, ки бо шаҳри Тошканд   ҳаёти  адиби  машҳури  асри  16  Зайниддин Маҳмуди  Восифӣ,  муаллифи  асари  пурмазмуни  “Бадо-еъ–ул вақоеъ” алоқамандӣ дорад. Яке аз шоирони доираи адабии Ҳирот, ки дар дарбори шоҳ Ҳусайн Бойқаро ва фарзандони ӯ муаллимӣ ва котибӣ кардааст, солҳои охири  умрашро  маҳз  дар  ҳамин  шаҳр  гузаронида,  дар ҳамин ҷо вафот кардааст. Аз олимони ӯзбек маслиҳат пурсидем, ки мақбараи Восифӣ дар куҷост, то зиёраташ кунем.  Профессор  Нусратулло  Ҷумъахӯҷа  гуфтанд,  ки тибқи барномаи таълимии донишгоҳ дар бораи Восифӣ барин  адибони  зуллисонайн  маълумоти  мухтасар  дода мешавад. Адибони форсигӯ асосан бо эҷодиёти форсии Навоӣ-Фонӣ  робита  доранд.   Қабри   Восифӣ   болотар  аз бозори  Чорсу,  дар  наздикии  мақбараи  математики  машҳур Қаффоли Шошӣ ҷойгир буда, мавзеи зиёрати одамон мебошад. “Бадоеъ-ул вақоеъ” дар бораи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии мардуми Хуросону Мовароуннаҳр ва Туркистон қиссаву маълумоти ҷолиб дорад. Дар Ӯзбекистон ҳам муҳаққиқон дар бораи Зайниддин Маҳмуд ибни Абдулҷамил ва осори ӯ баъд аз тарҷумаи ӯзбекии Ҳубқулихоҷа дар соли 1826 ва таҳқиқоти академики рус А.Н. Болдирев дар солҳои 60-уми асри 20 ба пажӯҳиши густурдаи зиндагинома ва осори Восифӣ, таъсири он ба адабиёти ӯзбек машғул шудаанд. 


83 байти маснавие, ки Восифӣ дар таърифи шаҳри Тошканд гуфтааст, дар тарҷумаи Наим Норқулов ба ҳама шинос аст. Хуб аст, ки намояндагони ду адабиёти гуногунзабон, аммо дар як муҳиту замон эҷодкарда дар пасманзари робитаҳои фарҳангӣ намоёнанд. 


ДАРСИ МАҲОРАТ 


 Мувофиқи  барномаи  корӣ  омӯзгорони  мо  ҳам  барои донишҷӯёни  донишгоҳ  машғулият  гузарониданд.  Қироати шеърҳои Навоӣ аз ҷониби саромӯзгор С. Холматов, мушоираи ширу шакари дотсент Х. Иззатуллоева, дар мавзуи та-фовут ва умумияти достонҳои Ҷомиву Навоӣ бо истифодаи методҳои ҳамгиро гузаронида шудани машғулияти амалӣ аз тарафи омӯзгор Ш.Расулова ба устодону донишҷӯён таассуроти хуб бахшид. Саволу ҷавоб ва таваҷҷуҳ ба ҳамкориҳои минбаъдаи донишҷӯён аз ин далолат мекард. 


ТАҶРИБАИ САМАРОВАР


 Дар  саҳни  донишгоҳ,  ки  сабзу  гулкорӣ  шудааст, ҳайкалчаҳои аҷоиб , ки бинандаро ба омӯзиши илм, ҳифзи табиат, одамият таблиғ мекунанд, зиёданд. Барои донишҷӯён ду хобгоҳи ҳаштқабата, бинои таълимии панҷқабата, китобхонаи  калон,  меҳмонхона  барои  донишҷӯёни  магистрони хориҷӣ, ошхона муҳайё шудаанд.


Роҳбалади мо магистрант Муштарӣ ҳини суҳбат гуфт, ки барои таҳияи рисолаи магистрӣ шаш моҳ дар Туркия будааст. Дастхатҳои дар китобхонаҳои Туркия будаи осори На-воиро омӯхтааст. Ҳайати  профессорону  дотсентони  донишгоҳро  ҷавонон ташкил медиҳанд. Аксарият унвони доктори фалсафа, доктор Phd-ро соҳиб шудаанд. Таҷрибаи омода кардани олимони оянда аз зинаи бакалавриву магистрӣ оғоз шуда, дар зинаи докторPhd рисолаи номзадӣ омода мегардад. 


-Ба ғайр аз маоши баланд барои таълим, дар донишгоҳи мо  масъалаи  ҳавасманд  кардани  устодон  ба  кори  илмиву методӣ  хеле  хуб  ба  роҳ  монда  шудааст,  -  шарҳ  дод  Орзугул  Ҳамроева.  Барои  навиштани  мақолаи  илмӣ,методӣ, баромад дар конфронсҳо, роҳбарӣ ба шогирд, чопи китобу дастур,  гузаронидани  дарсҳои  онлайнӣ,  сафарҳои  корӣ  ба донишгоҳҳои хориҷӣ ба омӯзгор хол дода шуда, аз рӯйи он пардохти иловагӣ ба амал бароварда мешавад. Шояд  барои  ҳамин  ҳам  сатҳи  илмии  донишгоҳ  баланд буда,  дар  Ӯзбекистон  ва  Осиёи  Миёна  мақоми  намоёнро ишғол мекунад. 


Донишҷӯён на танҳо забони модарии худро хуб медо-нанд, пайваста ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳам шавқ доранд,  то  тавонанд  аз  маъхазҳои  берун  аз  Ӯзбекистон  огоҳ 
бошанд,  коромӯзӣ  раванд.  Донишҷӯёни  хориҷӣ,  ки  забони ӯзбекиро  чун  забони  хориҷӣ  омӯхта,  ба  ватанашон  бармегарданд, барои муаррифии фарҳанги миллати ӯзбек саҳми назаррас  мегузоранд.  Раванди  дар  сатҳи  байналмилалӣ тарғиб шудан васеътар мегардад. 


БОЗГАШТ


Файласуфе таҷриба андӯхтанро барои рафтори бохира-ди инсон ба ғайр аз андеша кардан ва ибрат гирифтан муҳим ҳисобидааст. Аз ҳар сафар инсон барои худ чизе мегирад. Таассурот,  дониш  ва  ниҳоят,   нақшаҳои  нав  ва  диди  нав. Мубодилаи таҷриба дар он вақт манфиат мебахшад, ки дар фаъолияти  хеш  беҳтарин  чизҳои  дидаву  омӯхтаро   амалӣ кунем. Вохӯрии ҷавобии мо ба ин донишгоҳи Тошканд кӯтоҳ ҳам  бошад,  тавонист  ҳамкориҳоро  мустаҳкамтар  намояд. Донишгоҳи мо ҳам чунин имкониятҳои таълим ва таҳқиқро дорад. Ҳам аз шумораи факултету донишҷӯён, ҳам аз таъмини  биноҳову  китобхонаву  варзишгоҳ,  озмоишгоҳу  толор бартарӣ дорад. Дастовардҳои илмиамон ҳам шоёни таҳсин 
аст. 


Баъд аз муқоисаи дилхоҳ муассисаи яксон андешае ба сар меояд. Аз неруи илмӣ, эҷодии устодону донишҷӯён бо мақсад истифода бурдан, рушди минбаъдаи донишгоҳро ба сатҳи болотар бурдан корест дастҷамъона. Ба ин масъулиятшиносиву садоқат ба касб, талош ба донишандӯзиву саҳм гузоштан ба илм лозим аст. 

Дилором МАҲКАМЗОДА, 
Бохтар-Тошканд-Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода