Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ПАЁМ - ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗ


ПАЁМ - ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗ




Паёми  Президенти  кишвар  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  саршор  аз  дастовардҳои  бузургу  созанда дар самти рушду нумӯи мамлакат ва таҳкими сулҳу субот,  оромии  ҷомеа  буда,  шаҳодат  медиҳад,  ки миллати  сарбаланди  тоҷик  зери  сиёсати  хирадмандонаи Пешвои миллат ба дастовардҳои зиёд ноил шудааст.

Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ иброз доштанд:  «Соли  ҷорӣ  мардуми шарафманди  Тоҷикистон 30-юмин  солгарди  қабули нахустин Конститутсияи давлати  соҳибистиқлоли  худро бо  ифтихору  шукргузорӣ аз  соҳибватаниву  соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд». 

Дастоварди  муҳим  дар соли  сипаригашта  таҷлили бошукӯҳи  33-умин  солгарди  Истиқлоли  давлатӣ  мебошад.  Бояд  зикр  кард,  ки дар тӯли 33 соли Истиқлоли давлатӣ  миллати  сарбаланди  тоҷик  бо  сарварии Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба дастовардҳои беназир ноил гардида,  Тоҷикистон  ба  як гӯшаи  биҳишти  рӯи  замин табдил ёфт. 

Дар  асоси  сиёсати  хирадмандонаи  Президенти мамлакат  ҳоло  дар  тамоми манотиқи  ҷумҳурӣ  корҳои ободонию  созандагӣ  бомароми баланд идома доранд. Дар  онҳо  саҳми  фарзандони  бонангу  номуси  мамлакат,  бавижа,  соҳибкорону мардони  саховатпеша  бузург аст. 

Сардори  давлат  ба рушди  соҳаи  соҳибкорию сармоягузорӣ  ва  дастгирии  соҳибкорон  таваҷҷуҳи хоса  зоҳир  намуда,  аз ҷумла  қайд  намуданд:  «Бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ зарур аст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон   «Дар  бораи   санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо роҳи такмил  додани  меъёрҳои  амалкунандаи  арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани  онҳо  (ба  истиснои  хавфҳои  андоз)  боз ҳам  маҳдуд  карда  шавад.  Пешниҳод  менамоям, ки дар давраи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда бо мақсади дастгирии давлатии  фаъолияти  соҳибкорӣ,  фароҳам  овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои  корӣ  ба  ҳама  намуди  санҷишҳои  фаъолияти  субъектҳои  соҳибкорӣ  (ба  истиснои санҷишҳои  мақомоти  андоз)  то  1-уми  январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шавад». 

Президенти кишвар ба масъалаи илму маориф ва забономӯзии хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёну кормандон низ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа  зоҳир  намуда,  аз  ҷумла,  қайд намуданд:  «Ҳамеша  дар  хотир  бояд  дошт,  ки ҳамаи  пешравию  пирӯзии  ҳар  як  давлат  ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад… Аз ин рӯ, ҳар як фарди бедор-дил бояд барои аз худ намудани илму дониш ва ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои  хориҷӣ  кӯшиш  кунад,  ба  мутолиаи китоб  диққати  аввалиндараҷа  диҳад».  Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҳоло сатҳу сифати  илмомӯзии  ҷавонону  наврасон  нисбат  ба солҳои қаблӣ беҳтар шудааст. Бо мақсади боз ҳам  афзун  гардидани  шавқи  китобхонии  наврасону  ҷавонон  бо  дастури  Пешвои  миллат ҳамасола озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ  китоб  аст»,  «Илм  -  фурӯғи  маърифат», «Тоҷикистон-ватани азизи ман» доир мегардад. 

 Далели  бебаҳс  аст,  ки  илму  маориф  дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ нақши калидӣ дорад. Вобаста ба ин Пешвои миллат дар Паём пешниҳод  намуданд:  «Барои  вусъат  бахши-дан  ба  равандҳои  инноватсионӣ  ва  истифодаи  ҳамаҷонибаи  имконияти  технологияҳои рақамӣ  дар  иқтисодиёт  солҳои  2025-2030  дар Тоҷикистон «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия»  эълон  карда  шавад.  Президенти мамлакат  ба  Вазорати  рушди  иқтисод  ва  савдо,  саноат  ва  технологияҳои  нав,  Агентии  инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва вазорату идораҳои  дахлдор  супориш  доданд,  ки  барои тасдиқи  нақшаи  мукаммали  пайванди  инноватсия  бо  истеҳсолот  санади  меъёрии  ҳуқуқӣ дахлдорро ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд. Ҳамзамон, бо ин дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи  омода  кардани  барномасозон  ва  дигар  ихтисосҳои  зарурӣ  барои  рушди  иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад. 

Дар  маҷмуъ,  Паёми  Президенти  мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҳамчун  ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз ба таъмини зиндагии арзандаи сокинони кишвар нигаронида шудааст. 

Сафар ШЕРАЛИЗОДА,
нотариуси калони Идораи нотариалии шаҳри Кӯлоб

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода