Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Хатари обшавии пиряхҳоро пешгирӣ мебояд


Хатари обшавии пиряхҳоро пешгирӣ мебояд




8-9 июни соли ҷорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 иштирок намуданд. Дар чорабинии сатҳи баланд таъкид гардид, ки то 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар кӯҳсори Тоҷикистон воқеъ буда, дар рушди ҳамаи соҳаҳо ва ояндаи устувори минтақа нақши асосӣ мебозанд.

Аз  раванди  ташвишовари  обшавии  босуръати  пиряхҳо  ва  пайомадҳои  харобиовари он ёдовар шуда, Президенти кишвари мо изҳор доштанд, ки оқибатҳои ин раванд ба  иқтисодиёт  ва  экосистемаҳои  кишварҳо зарари  калон  расонида,  ба  ҳаёти  одамон таҳдид менамоянд.

Тадбирҳои  мушаххаси  андешидаи Тоҷикистон  дар  самти  ҳалли  масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва нигоҳ доштани устувории муҳити зистро таъкид намуда, Сарвари давлат иброз доштанд, ки кишвари мо тайи 20  соли  охир  дар  арсаи  ҷаҳонӣ  рӯзномаи обу иқлимро бо муваффақият пеш мебарад.

“Ташаббусҳои  мо  дар  самти  обу  иқлим аз  тарафи  ҷомеаи  ҷаҳонӣ  тавассути  14 қатъномаи  Маҷмаи  Умумии  Созмони  Милали  Муттаҳид  ҷонибдорӣ  ёфта,  мавриди татбиқ қарор гирифтаанд”, - изҳор доштанд Роҳбари  давлати  мо  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон.

Бо  қаноатмандӣ  гуфта  шуд,  ки пешниҳоди  Тоҷикистону  Фаронса  оид  ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал  барои  илмҳои  криосферӣ”  аз  ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт.

Айни замон коҳишёбии унсурҳои табиат тамоми башариятро ба ташвиш овардааст. 

Мардуми  Тоҷикистон  чун  як  ҷузъи  аҳолии сайёра  барои  ҳифзи  муҳити  зист,  ҳифзи захираҳои обӣ ба таҷдиди сарватҳои табиии барқароршаванда  талош  варзида,  пайваста ин масъаларо таҳти назар қарор дода, баҳри рафъи оқибатҳои номатлуби буҳрони экологӣ  ба  он  алоқаманд  тадбирҳои  судманд меандешанд.

Ҳифзи  захираҳои  обӣ  дар  шарои-ти  иқлими  хушки  Осиёи  Марказӣ  яке  аз проблемаҳои  муҳимтарин  буда,  бо  проблемаи  сӯзишворӣ  дар  як  радиф  қарор  мегирад,  чунин  масъалаи  муҳими  замони муосир  ин  муҳофизати  об  аз  ифлосшавӣ ва таҷдиди сарватҳои табиӣ мебошад. Дар ҷумҳурии  мо  ба  ҳифзи  сарватҳои  табиӣ, хусусан  об  диққат  дода  мешавад,  ки  ин боиси  пешгирии  ифлосшавии  об  гардида истодааст.  Бинобар  ин,  омӯзиши  дарёҳо, кӯлҳо, пиряхҳо, обҳои зеризаминӣ ва дигар объектҳои табиат барои ҷумҳурии мо масъалаи  ниҳоят  муҳими  иқтисодӣ,  иҷтимоӣ, сиёсӣ,  маънавӣ,  экологӣ  ва  ҳифзи  онҳо  аз коҳишёбӣ аҳамияти калони илмӣ-амалӣ ва давлатӣ доранд.

Об  ҳамчун  сарчашмаи  ҳаёт  тавлидгару  танзимгари  тамоми  олами  зинда  буда, мувозинати  муҳити  зистро  таъмин  менамояд.  Ҳамаи  моддаҳои  органикию  ноорганикие,  ки  вориди  организм  мегарданду дар  вай  ҳаракат  менамоянд,  дар  шакли ҳалшудаанд.

Воқеаҳои чанд даҳсолаи охири таҷрибаи инсоният  бозгӯи  онанд,  ки  об  дар  ҳалли масълаҳои  муносибатҳои байналмилалӣ, муносибат  байни  миллатҳои  ҳаммарз  мавриди  истифодабарии  об,  амнияти  экологиву  минтақавӣ  бо  дастрасии  хурдтарин ҷузъиётҳои  зарурӣ  мавриди  зиндагии  инсон,  дар  ҳамбастагиҳои  ногусастанӣ  қарор дошта, мавҷудияти ҳаёт дар рӯи замин маҳз ба об вобаста аст.

Аз  ин  рӯ,  истифодабарии  оқилона,  тозаву озода нигоҳдорӣ, омӯзиши назарияҳои муносибат  ва  корбарӣ  мавриди  истеъмолу  коркарди  об,  бо  назардошти  муҳимият ва  рӯзмаррагии  он  дар  ҳаёти  инсоният  ва бақои сайёра, муҳимтарин масъла мавриди ҳалли дуруст баҳри инсоният, маҳсуб меёбад.  Тамаддунҳо  ва  маданиятҳои  антиқа, дар соҳилҳои дарёҳо, мавзеъҳои чашмасор ва канори баҳрҳо арзи ҳастӣ намудаву инкишоф ёфтааанд.

Дар  амал  татбиқ  намудани  иқдомҳои наҷиби Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ далели  он  аст,  ки  кишвари  мо  мавриди тағйирёбии иқлим баҳри ҳалли масъалаҳои об  ва  захираҳои  обӣ  кӯшишҳои  зиёд  ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба харҷ дода истодааст.

Дилором ДАВЛАТОВА,
номзади илмҳои биологӣ

 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода