Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РӮШАНГАРИ РОҲИ ФАРДОИ МИЛЛАТ


РӮШАНГАРИ РОҲИ ФАРДОИ МИЛЛАТ



Паёми   навбатии   Пешвои   муаззами   миллат   давоми мантиқии   Паёмҳои   солҳои   пешин буда, маҳаки аслии он таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистонро   дар  бар   мегирад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи Паём гузаштаи начандон дури мардуми Тоҷикистонро хотиррасон намуда, имрӯзро ба пуррагӣ таҳлил ва барои ояндаи босаодату шоистаро таъмин намудан бо ҳидоятҳои ояндасоз дастур доданд.

Пешвои  миллат  бо  ироаи  Паёми  навбатии  худ  ба  мардуми Тоҷикистон   чунин  таъкид   намуданд:  «Мову  шумо  хуб  дар ёд   дорем,  ки  даҳсоли   аввали Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд. 

Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд».  Ин  ишораи  Роҳбари   давлат водору ҳушдор месозад, ки расидан ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ, ки моли замони соҳибдавлатӣ ва соҳибистиқлолии   мо   мебошанд, ба  мардум,  бахусус  насли  ҷавони кишвар  бо   далелҳои   асосноку воқеъбинона фаҳмонем.

Насли имрӯз бояд ба дурустӣ бидонад, ки барои ноил шудан ба ваҳдати миллӣ мардуми Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро аз сар гузаронидаанд. Ишораи Роҳбари давлат ҳидоят ба он аст, ки мардуми сарзамин муттаҳид бошанд. Зеро муттаҳидӣ омили озмудашудаи музаффарияту муваффақиятҳо дар ҳамаи давру замон аст.

Тариқи ироаи Паём Роҳбари давлат  бо  ҳарорати  гарми  ватандорӣ, давлатдорию  миллатсозӣ  таъкид  менамоянд:   «Олимони ҷомеашиноси   моро  зарур  аст,  ки якҷо  ба  зиёиёни  эҷодкор  дар   шароити   ҷаҳонишавӣ   бо   мақсади ҳифзи   арзишҳои   миллӣ,   таъриху  фарҳанг   ва   забону   адабиёти   миллати  куҳанбунёдамон  дар роҳи  ба  ҷаҳониён  ҳарчи  бештар муаррифӣ  кардани  таърих,  тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоем».

Воқеияти   зиндагӣ   собит   сохтааст,  ки   тадбир   барои   ҳар   як инсон   амнияти   хеш   аст.   Барои пешрафту   шукуфоии   ин   гӯшаи биҳиштосои   кишвари  азизамон-Тоҷикистон   дар   муттаҳидию ваҳдатпарастӣ   тадбирҳои   ояндасозиро ба хотири фардои ободу шукуфо рӯи кор биёрем. Паём қутбнамо ва рӯшангари роҳи фардои миллати мост.

Сайёра ТАЛБАКЗОДА,
омӯзгори Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ дар ноҳияи Данғара

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода