Ғамхорӣ ба якдигар фалсафаи иди Қурбон аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1
![]()
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ ҚУРБОН
Ҳамватанони азиз!
Иди Қурбон яке аз оинҳои суннатии марду-ми мусулмон ба ҳисоб рафта, барои маромҳои инсондӯстиву мурувват, худогоҳию худшиносӣ ва сулҳхоҳиву меҳрубонӣ бунёд ёфтааст.
Ба ин муносибат Шумо - сокинони шарафманди вилояти Хатлонро самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тандурустиву сарбаландӣ, файзу баракат, хушбахтию саодатмандӣ ва пирӯзӣ дар кору зиндагиро орзумандам. Мардуми сарбаланди вилояти Хатлон бо шукргузорӣ аз фазои ободу осуда, тинҷию оромӣ ва ваҳдати сартосарӣ, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, иди Қурбон ва дигар маросиму ҷашнҳои милливу диниро таҷлил менамоянд.
Боиси қайд аст, ки ба қадри якдигар расидан, ҳурмату эҳтироми якдигарро ба ҷо овардан ва ба ҳамдигар дилсӯзу ғамхор будан маънӣ ва фалсафаи иди Қурбон ба ҳисоб меравад.
Дар робита бо ин, нуктаи дигарро таъкид кардан ба маврид аст, ки омӯзиши илму маърифат, заҳматдӯстию ободкорӣ, сабру таҳаммул ва дигар арзишҳои неку созанда аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим мебошад, ки ба онҳо эътибори зиёд дода шудааст.
Дар фарҳанги исломӣ андешаҳои эҳсону накукорӣ, муоширати хуб анҷом додан бо аҳли хона-дон, муҳаббату хайрхоҳӣ ба наздикону пайвандон, му-омилаи нек бо ҳамсояҳову дӯстон, дилсӯзиву ғамхорӣ ба беморону ниёзмандон, ятимону бепарасторон ва ёди хайр аз гузаштагон мақоми баланд доранд.
Мусаллам аст, ки дар рӯзи ид шахсони дорои имконияти моддӣ дар роҳи Худо қурбонӣ мекунанд ва қурбонӣ кар-дан тибқи аҳкоми дини мубини Ислом бар дӯши ҳама ҳатмӣ нест.
Бояд гуфт, ки қурбониро танҳо ашхосе бояд анҷом диҳанд, ки оилаи онҳо аз ҳар лиҳоз таъмин аст ва аҳли хонадонашон танқисиву мушкилот надоранд. Онҳое, ки имконияти моддӣ надоранд, метавонанд бо суханони нек, амали хуб ва рафтори шоистаи худ дили одамонро шод кунанд, ки ин ҳам аз ҷумлаи корҳои хайру савоб ба шумор меравад.
Дар баробари ин, дар ин рӯз бохабар шудан аз аҳволи наздикон, махсусан аёдати беморону ниёзмандон, расонидани кумак ба ятимону маъюбон, дидорбинии падару модар, дили инсонеро ба даст овардан, ятимеро навозиш кардан ва ба муҳтоҷе дасти кумак дароз кардан аз фазилатҳои неки инсонӣ ва писандидаи мардуми мо ба ҳисоб меравад.
Ҳамватанони азиз!
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фаризаҳои Иди саиди Қурбон таъкид кардаанд: «Расму одоби иди Қурбон адои намози ид ва қурбонӣ кардан танҳо аз ҷониби шахсони дорои имконияти мусоиди молӣ мебошад. Асл ва моҳияти қурбонӣ ғамхорӣ дар ҳаққи ҳамдигар, раҳму шафқат ва ҷиҳати дастгирии мардуми камбизоат ба хайру саховат ҷалб намудани мардуми доро мебошад».
Нафароне, ки қурбониро анҷом медиҳанд, бояд дар хотир дошта бошанд, ки қурбониро дар навбати аввал ба хоҳару бародар ва хешовандони ни-ёзманди худ, оилаҳои камбизоат, дигар шахсони эҳтиёҷманд ва ҳамсояҳо диҳанд.
Дар робита бо ин, моро зарур аст, ки иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” -ро таъмин намуда, пеш аз ҳама ба меъёрҳои он, ки ба пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ равона гардидааст, риоя намоем, дар рӯзи ид ба ҷанбаи маънавии он бештар эътибор диҳем, имконияти моддии худро барои осоиши хонадон ва таълиму тарбияи фарзандонамон сарф намоем, то онҳо соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд.
Мардуми сайёра ҳоло дар вазнинтарин ва душвортарин давра қарор дош-та, бо дарназардошти чунин вазъияти ҳассосу вазнини ҷаҳон моро зарур аст, ки аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқона заҳмат кашем ва сарфаю сариштакориро дар ҳама маврид риоя намоем.
Дар ин раванд, падару модаронро зарур аст, ки дар рӯзи ид аз гаштугузори бемавриди фарзандони худ худдорӣ намуда, онҳоро бештар ба донишандӯзӣ ва мутолиаи китоб ҷалб намуда, барои иш-тирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва дигар сабқатҳои зеҳнӣ роҳнамоӣ намоянд.
Ҳукумати мамлакат имрӯз барои фаъолияти сохторҳои динӣ шароити созгор фароҳам оварда, айни замон дар вилоят 1781 иттиҳодияи динӣ дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» фаъолият менамоянд.
Вобаста ба ин, сокинони вилоят ҳамасола ҷиҳати қонеъ намудани эҳтиёҷоти динӣ тибқи тартиби муайяншуда ин фаризаро адо намуда, ҳатто аксари онҳо пайиҳам адои ҳаҷҷи умраи такрориро анҷом медиҳанд. Ба инобат бояд гирифт, ки дини мубини Ислом зиёдаравӣ ва исрофкориро одилона маҳкум менамояд. Ба ҷои ин масрафи бемаврид агар амалҳои ободкориро дар мисоли бунёди иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ, роҳу пулҳо, бунёди боғу гулгаштҳо, ободонии маҳали зист ва амалҳои сабзкорию дарахтшинониро анҷом диҳем, ҳамчун садақаи ҷория савобаш аз саво-би зиёрати хонаи Каъба камтар нахоҳад буд.
Итминони комил дорам, ки мардуми шарафманди вилоят дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳнати софдилона ва заҳмати аҳлона баҳри расидан ба ҳадафҳои ниҳоии Ҳукумати кишвар ва анҷоми корҳои бунёдкорию созандагӣ дар таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон саҳми шоистаи худро мегузоранд.
Бо нияти тинҷию оромӣ ва суботи ҳамешагии кишвари азизамон бори дигар фарорасии иди саиди Қурбонро шодбош гуфта, бароятон тани сиҳат, иқболи нек, хонаи обод ва барои кишва-ри биҳиштосоямон пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзу менамоям.
Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00