Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ БОМАСЪУЛИЯТ БОШЕМ


ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ БОМАСЪУЛИЯТ БОШЕМ



3 июн дар ноҳияи Вахш ҷаласаи сатҳи вилоятӣ баргузор гардид, ки он ба таври махсус ба таҳлил ва баррасии мушкилоти ҷойдошта дар ин ноҳия бахшида шуд. Дар ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсуфзода ва роҳбарону масъулони тамоми сохтору муассисаҳои давлатӣ ва маҳаллии сатҳи вилоятӣ ва ноҳия иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар баробари пешравиҳо дар самтҳои гуногун, дар ноҳияи Вахш ҳамоно як қатор камбудиву мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мондаанд, ки барои ҳалли онҳо бояд чораҳои мушаххас андешида шаванд.
Ҳадафи асосии баргузории ҷаласа баррасии мушкилоти мавҷудаи ноҳия ва пешниҳоди роҳҳои ҳал ба онҳо буд.

Мавзуъҳои муҳокимашуда аз ҷумлаи масоили доғи рӯз, яъне гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав, монеагузорӣ ба таҳсили духтарон, риоя накардани талаботи либоспӯшии миллӣ, мушкилот дар соҳаи варзиш, паст будани сатҳи иштироки ҷавонон дар чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, мушкилоти танзими расму ойинҳо ва дигар масоили иҷтимоӣ буданд.



Дар ҷаласа роҳбарони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кумитаи дин, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, ноболиғон ва фарҳанг вазъи ҷойдоштаро дар соҳаҳои худ баён карда, гузориш пешниҳод намуданд. Гуфта шуд, ки як қисми мушкилот реша дар сатҳи пасти ҳамоҳангии сохторҳо ва муносибати ғайримасъулона дорад.

Анзурат Абдусаломзода ба роҳбарони соҳаҳо таъкид намуд, ки дар муҳлати муайян барои бартарафсозии камбудиҳои зикршуда чораҷӯӣ шавад. Вай ҳамчунин зикр кард, ки мақомот натиҷаҳои амалиро пайгирӣ хоҳанд кард.

Дар поёни ҷаласа раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсуфзода суханронӣ намуда, ба масъулини тамоми соҳаҳо дастур дод, ки барои иҷрои дастуру супоришҳо, ки махсус ба вазъи ноҳияи Вахш марбутанд, нақшаи кории мушаххас тартиб дода, дар муҳлатҳои муайян натиҷа пешниҳод намоянд. Дар навбати худ ӯ ваъда дод, ки иҷрои ин вазифаҳо зери назорати ҷиддии роҳбарияти ноҳия қарор мегирад. 

Ҷаласа бо қабул ва тақвияти қарорҳои амалишаванда барои беҳбуди вазъ дар ноҳияи Вахш ба анҷом расид.
Аҳадуллои Мирзоалӣ, 
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода