Қабули барнома оид ба рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология, Боздид 1 675
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо имзои як қарор Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025-ро мавриди амал қарор дод.
Барномаи мазкур марҳилаҳои асосии ташаккули маърифат ва тарбияи аҳолиро дар ҳама сатҳҳо, аз ҷумла томактабӣ, таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ), ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ инъикос мекунад. Мақсади барнома тарбия ва маърифати экологӣ ба хотири муносибати эҳтиёткорона ва эҳтиромона зоҳир намудан ба муҳити зист, риоя кардани меъёрҳои ахлоқӣ дар раванди муносибат бо табиат ва истифодаи захираҳои табиӣ ва таблиғоти ҳадафҳои экологӣ мебошад. Бо мақсади татбиқи барнома нақшаи чорабиниҳои иборат аз 44 банд низ таҳия ва тасдиқ гардидааст. Тибқи нақша, гузаронидани озмунҳо ва тадқиқотҳои сотсиологӣ оид ба сатҳи маърифати экологии шаҳрвандони синну соли гуногун, таҳияи усулҳои мониторинги амалисозии барнома, баргузории чорабиниҳои мухталифи иттилоотию маърифатӣ, ташкили курсҳои таълимӣ, сабти филмҳои видеоӣ оид ба аҳамияти ҳифзи муҳити зист, ташкил намудани лагерҳои экологӣ барои кӯдакон, пешбурди корҳои ташвиқотӣ оид ба истифодаи такрории партовҳои таҷзияшавандаи биологӣ ва дигар тадбирҳои муҳими экологӣ ба нақша гирифта шудааст.
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
12-05-2021, 17:57