КӮЛОБ: 1300 МЕТР РОҲИ ДОХИЛӢ МУМФАРШ МЕГАРДАД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 100
![]()
Бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори роҳсозӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Маҳмадалӣ Ғаффори Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб мумфаршсозии роҳи дохилии аҳамияти ҷумҳуриявӣ оғоз гардидааст.
Тавре сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб Амирхон Файзов иттилоъ дод, роҳи мазкур дар шоҳроҳи Кӯлоб–Ховалинг–Балҷувон ҷойгир буда, масофаи умумии он 1300 метрро ташкил медиҳад. Корҳои асфалтпӯшкунӣ бо маблағгузории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, барои анҷоми лоиҳа 550 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Айни ҳол корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисон ва техникаи зарурӣ бо суръат ва сифати хуб идома доранд. Мақсад аз татбиқи ин иқдом, таъмини шароити мусоиди равуои нақлиёт ва беҳтарсозии зиндагии аҳолии маҳаллӣ мебошад.
Бунёду навсозии роҳҳои мошингард яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат ба шумор рафта, бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар саросари кишвар татбиқи чунин лоиҳаҳо ҷараён доранд.
Умарҷон ТОШМАТОВ,
"ХАТЛОН"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00