БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ХОЛИЁН”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 36
![]()
Дар идомаи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Холиён”, воқеъ дар деҳаи "Дараи Мухтор"- и Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт боздид ба амал оварданд.
Хоҷагии деҳқонии “Холиён” дар масоҳати умумии 3 гектар замини обӣ таъсис ёфта, аз 3 нафар саҳмдор иборат мебошад. Тибқи иттилои масъулин, хоҷагӣ фаъолияти кишоварзиро дар заминаи риояи меъёрҳои агротехникӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда ба роҳ монда, дар он 1,5 гектар картошка, 1 гектар ғалладона ва 0,5 гектар сабзавот кишт карда шудааст.
Давлаталӣ Саид зимни боздид раванди парвариши зироатҳои кишоварзиро аз наздик мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, бо саҳмдорон ва кишоварзони маҳаллӣ суҳбат оростанд. Раиси вилоят аз заҳматкашии кишоварзон ва талошҳои онҳо дар самти таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, чунин ташаббусҳоро намунаи ибрат дар рушди истеҳсолоти деҳот арзёбӣ карданд.
Дар ҷараёни суҳбат бо деҳқонон таъкид гардид, ки рушди соҳаи кишоварзӣ, хусусан дар минтақаҳои кӯҳӣ ва дурдаст, омили муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии сокинон маҳсуб меёбад. Раиси вилоят ҳамчунин пешниҳод намуданд, ки баҳри васеъ кардани заминҳои кишт, афзоиши ҳосилнокӣ ва баланд бардоштани самаранокии меҳнат, аз таҷҳизоти замонавӣ истифода бурда шуда, ҳамзамон бо ҷалби мутахассисон машваратҳои илмӣ-амалӣ ба роҳ монда шаванд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...