РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “СУРУШ” ДИДАН КАРД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 92
![]()
Дар идомаи сафари корӣ Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ба ноҳияи Ховалинг аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Суруш”, воқеъ дар деҳаи "Гулзор"- и Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт боздид ба амал оварданд.
Хоҷагии деҳқонии “Суруш” солҳои охир дар самти истифодаи самараноки замин ва рушди соҳаи кишоварзӣ ба дастовардҳои намоён ноил гардида, масоҳати умумии он 21 гектарро ташкил медиҳад. Хоҷагӣ аз панҷ нафар саҳмдор иборат буда, тибқи иттилои масъулин дар заминҳои он дар мавсимҳои гуногун боғ, сабзавот, картошка, юнучқа ва зироатҳои чарогоҳӣ парвариш карда мешаванд. Айни ҳол, дар 7 гектар боғ, 0,5 гектар картошка, 12 гектар юнучқа ва дар 1,5 гектар замин сабзавот кишт шудааст.
Зимни боздид раиси вилоят аз раванди ҷамъоварии хӯроки чорво ва фаъолияти хоҷагӣ дар самти таъмини бозор бо маҳсулоти худӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид гардид, ки истифодаи ҳар як ваҷаб замин бояд самаранок ва бо истифодаи усулҳои муосири агротехникӣ роҳандозӣ гардад, зеро талаботи бозор ба маҳсулоти кишоварзии ватанӣ рӯз то рӯз афзоиш меёбад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба роҳбарияти хоҷагӣ дастур доданд, ки бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ ва татбиқи технологияҳои нав дар заминаи кишоварзӣ, ҳосилнокии зироатҳоро зиёд намуда, ба диверсификатсияи истеҳсолот таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Аз ҷумла, таъмини бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти тару тоза, афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва ҷалби бештари ҷавонон ба чунин ташаббусҳо, яке аз роҳҳои самараноки таъмини шуғли аҳолӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум арзёбӣ гардид.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...