БОХТАР: РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР ФАЗОИ ИДОНА ТАҶЛИЛ ГАРДИД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 194
![]()
Шоми 30-уми май дар шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон, ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода ва доираи васеи кӯдакон, волидайн, намояндагони соҳаҳои маорифу фарҳанг, фаъолони ҷомеа ва кормандони ташкилоту муассисаҳои гуногун иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ меҳмонон аз гӯшаҳои намоишӣ дидан карданд, ки дар он ҳунару истеъдод ва дастовардҳои эҷодии кӯдакон ба намоиш гузошта шуда буданд. Бахшҳои рассомӣ, ҳунарҳои дастӣ ва корҳои таълимии наврасон таваҷҷуҳи хосаеро ба худ ҷалб намуданд ва нишон доданд, ки насли наврас дар баробари ҷавонон дорои неру ва қобилияти созандагии зиёданд.
Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода суханронӣ намуда, тамоми иштирокдорони чорабиниро аз номи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрик намуда, паёми табрикии роҳбари вилоятро ироа намуд.
Муовини раиси вилоят кӯдаконро насли хушбахти ҷомеа номида, таъкид кард, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон паёми муҳимест ба кулли ҷомеа, то боз ҳам бештар ба масоили муҳими таълиму тарбия, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, муҳайё кардани муҳити солими равониву иҷтимоӣ ва фароҳам сохтани шароити арзандаи зиндагӣ барои насли наврас таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Зеро кӯдак ояндаи дурахшони миллат, нерӯи созандаи ҷомеа ва сипари боэътимоди давлату миллат аст.
Зикр шуд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ, бахусус дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ даҳҳо муассисаи таълимӣ ва томактабӣ, майдончаҳои варзишию фароғатӣ, марказҳои наву замонавии забономӯзӣ ва муассисаҳои тандурустӣ барои кӯдакон бунёд гардиданд, ки ин марҳилаи муҳим бомаром идома дорад. Вобаста ба ин, соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 155 муассисаҳои соҳаи маориф бо 1123 синфхона ва 28150 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуда, соли равон сохтмони 139 муассисаи таълимӣ ҷараён доранд, ки то имрӯз 20 адади он мавриди истифода қарор дода шудааст.
- Масъалаи сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва Марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон низ мавриди таваҷҷуҳи доимии мо қарор дошта, айни замон дар ин муассисаҳо 105 460 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 25 фоизро ташкил намуда, ҷиҳати то 30 фоиз расонидани фарогирии кӯдакон ба зинаи аввали таҳсилот то охири соли равон корбарӣ идома дорад, - афзуд А. Абдусаломзода.
Ҳамзамон, дар идомаи суханронӣ таъкид шуд, ки ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон танҳо масъулияти мақомоти давлатӣ набуда, балки вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди боинсофу ватандӯст мебошад. Дар ин замина, зарур шуморида шуд, ки барои ҷилавгирӣ аз зӯроварӣ дар оила, муносибати сард ба таълиму тарбияи кӯдакон, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони маъюб ва кӯдакони дар шароити душвор қарордошта, тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Дар анҷом қайд гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо ҷалби шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ пайваста барои беҳбуди шароити зиндагӣ ва таълиму тарбияи кӯдакон барномаву лоиҳаҳои судмандро амалӣ менамоянд.
Дар бахши дигари чорабинии мазкур як қатор кӯдакони фаъол, ки ҷоизадори озмуну олимпиадаҳои гуногун ва дорои малакаву маҳорат ва дастовардҳои намоён дар самти фанҳои дақиқ буданд, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Чорабинӣ бо барномаи рангини фарҳангӣ анҷом ёфт, ки дар он кӯдакон бо иҷрои сурудҳо, рақсу шеърхонӣ ҳунарнамоӣ карданд. Ин бахш ба фазои идона рангу рӯҳи тоза бахшида, лаҳзаҳои хотирмони ҷашнро барои иштирокчиён фароҳам овард.
Аҳадуллои Мирзоалӣ
"Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...