Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Авбошии мард нисбати ҳамсари собиқ


Авбошии мард нисбати ҳамсари собиқ




Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зани 35-солаи шаҳри Кӯлоб, ки аз ҷониби собиқ шавҳараш дар ҳолати мастӣ мавриди ҳамла қарор гирифтааст, хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб зани 35-солаи сокини шаҳр бо ариза муроҷиат намудааст, ки санаи 12-уми майи соли 2025, тақрибан соати 22:00, собиқ шавҳараш дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиаш омада, бе ягон асос ба ӯ ҳамла кардааст.

Тибқи иттилои мақомоти милитсия, марди 44-сола бо корд ду маротиба ба тарафи чапи бадани зан зарба задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, фавран ба беморхона интиқол дода шудааст ва ҳоло дар он ҷо бистарӣ мебошад.

Кормандони милитсия дар натиҷаи чорабиниҳои фаврии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбаршударо боздошт намуданд.

Дар ҳоли ҳозир, нисбат ба ин ҳодиса бо моддаи марбутаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода