Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҒАРҚШАВӢ. ХАТАРЕ, КИ МЕТАВОН ПЕШГИРӢ КАРД


ҒАРҚШАВӢ. ХАТАРЕ, КИ МЕТАВОН ПЕШГИРӢ КАРД




Фасли тобистон айёмест барои истироҳату фароғати мардум, хусусан барои кӯдакон фасли озодӣ ва шодӣ аст. Дар ин айём мактаббачаҳо таътил мебароянд ва кӯдакон бештари вақти худро ба истироҳату фароғат мегузаронанд. Онҳоро бештар дар кӯчаю боғ ва махсусан дар наздикии кӯлу дарёчаҳо мебинем. Аммо дар паси ин шодиву бозиҳои кӯдакона баъзан фоҷиаҳои гуногун, аз ҷумла, ғарқшавӣ ҷой дорад. 

Омили  ин  ҳама  мушкилоту  фоҷиаҳо  набудани шароити  созгор  барои  истироҳату  фароғати  кӯдакон аст.  Мутаассифона,  солҳои  охир  дар  вилояти  Хатлон ҳолатҳои  зиёди  ғарқшавии  ноболиғону  ҷавонон  сабт шудаанд, ки аксарияти онҳо бо талафоти ҷонӣ анҷом ёфтаанд. Зеро вилояти Хатлон яке аз минтақаҳоест, ки обҳои ҷорӣ ва каналҳои зиёд дорад ва ба ҳамин хотир, шиддати ин фоҷиаҳо дар ин вилоят бештар ба назар мерасад.

Тибқи  маълумоти  расмии  Раёсати  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вило-яти Хатлон, то 1-уми майи соли равон дар ҳудуди вилоят 13 ҳолати ғарқшавии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки 3 нафари онҳо ноболиғ будаанд.

ОМИЛҲОИ ҒАРҚШАВӢ ВА НАҚШИ БЕТАФОВУТӢ

Пеш аз ҳама суоле ба миён меояд: “Чӣ гуна кӯдакон дар об гум мешаванд?” Набудани  назорати  волидайн  ва  калонсолон.
Дар  бисёр  ҳолатҳо  ин  омил  боиси  он  мегардад,  ки кӯдакон  бе  ҳамроҳии  волидайн  ё  шахси  калонсол  ба 
соҳили  кӯлу  дарёчаҳо  мераванд.  Бисёр  ҳолатҳое,  ки кӯдакон дар обанборҳо, каналҳо ва рӯдхонаҳо ғарқ ме-шаванд,  натиҷаи  набудани  назорат  аз  ҷониби  шахси масъули назораткунанда аст. Онҳо дар бисёр ҳолатҳо дар чунин ҷойҳои хатарнок ба ғарқшавӣ дучор мегарданд.

Ҷойҳои  хатарнок  ва  бемуҳофизат. Каналҳо, дарёҳо,  обанборҳо  ва  ҳавзҳои  наздикии  маҳали  зист аксаран бе ҳеҷ гуна чораҳои муҳофизатӣ ҳастанд. Девор, аломати ҳушдор, қоидаҳои оббозӣ ва посбон вуҷуд надорад. Аксаран барои кӯдакон чунин ҷойҳо ҷолиб менамоянд, аммо дар асл, онҳо хатари марговар доранд. Ҷомеа ва масъулон ба ин норасоиҳо одат кардаанд ва чунин меҳисобанд, ки ин як чизи муқаррарист, то даме, ки ягон флокат рух надиҳад.

Маълумоти нокифояи кӯдакон ва волидайн. Дар бисёре аз оилаҳо бо кӯдакон дар мавриди хатарнок будани мавзеъҳои обӣ суҳбат намешавад, ки он метаво-над, хатарнок бошад. Маърифати оббозӣ ва фаҳмиши кӯдакон дар бораи ғарқшавӣ кам аст. Бисёриҳо намедо-нанд, ки ҳатто шахсони шиновар ҳам метавонанд дар ҳолатҳои фавқулода ғарқ шаванд.

шиновариро намедонанд.Яке аз омилҳои асосии ғарқшавии  кӯдакон  ин  аст,  ки  онҳо  қоидаҳои  дурусти шиновариро намедонанд ва ё умуман оббозӣ карда наметавонанд. Дар натиҷа хатари ғарқшавии онҳо зиёд мегардад. Барои пешгирии кӯдакон аз ғарқшавӣ бояд дар хона ва мактаб дар баробари дарсҳои таълимӣ ба онҳо  шиноварӣ  омӯзонида  шавад.  Набудани  ҳавзҳо ҳам метавонад чунин фоҷиаҳоро сабаб шавад. Воқеан шиноварӣ як малакаи ҳаётӣ аст, вале мутаассифо-на, дар бисёри мактабҳо он омӯзонда намешавад.

ФУРӮПОШИИ МАСЪУЛИЯТИ ШАХСӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ


Ҷомеа дар баробари ин фоҷиаҳо зиёд вокуниш намекунад. Вақте волидон, муаллимон ва ҷомеа бетарафиро дар таълими фарзандон ва назорат бар муҳити онҳо ихтиёр мекунанд, рух додани фоҷиаҳо ногузир  мешаванд.  Бадтарин  ранги  ин  фоҷиа  дар он  аст,  ки  бисёре  аз  ин  фоҷиаҳо  натиҷаи  тасодуф нестанд, онҳо натиҷаи бетафовутии ҷамъиятӣ мебошанд.

Бетафовутӣ   чӣ  маъно  дорад?  Ин  маънои онро дорад, ки хатарро мебинем, вале аз он чашм мепӯшем, ноогоҳиро мебинем, вале забон дар дандон  мегирем,  шароити  хатарзо  ва  набудани  амни-ятро  мушоҳида  мекунем,  аммо  хомӯширо  авлотар медонем. Ҳар як кӯдаке, ки дар об ғарқ мешавад, ба мо як паём медиҳад: «Шумо куҷо будед?». 

Имрӯз,  вақте  кӯдакон  дар  рӯдхонаҳо,  ҳавзҳо ва  обанборҳо  ғарқ  мешаванд,  мо  одатан  ангушти  ишорат  ба  ҷониби  тақдир  мебарем.  Аммо ҳақиқат  талхтар  аз  баҳонаҳост.  Бетафовутии ҷомеа, афсӯс, гоҳе боиси марг мешавад. Зеро ҳар як кӯдаки ғарқшуда на танҳо талафоти як оила, балки нокомии тамоми ҷомеа аст.

Вақте мо бо чашми сар кӯдакеро мебинем, ки дар ҷойи хатарнок оббозӣ мекунад, «ин кори ман нест» гӯён аҳамият намедиҳем, мо бо ин рафтори худ ба фоҷиа  шарик  мешавем.  Албатта,  чашм  пӯшидан аз  хатар   ба  маънои  рад  кардани  масъулият  аст. Ҳамчунин бехабарии кӯдакон аз қоидаҳои шиноварӣ, набудани ҷойҳои бехатар барои шиноварӣ, набудани корҳои таблиғотӣ, ҳамаи ин аз як амал сарчашма мегирад: Бетафовутӣ!
 
ЧӢ БОЯД КАРД? ТАНҲО БО АМАЛ МЕТВОН, ФОҶИАРО ПЕШГИРӢ КАРД

Назорат  ва  масъулият. Падару  модарон  бояд нақши  асосиро  дошта  бошанд.  Ҳеч  гоҳ  набояд фарзандонро  дар  соҳили  дарё,  кӯл  ё  ҳатто  ҳавзи шиноварӣ  беназорат  гузоранд.  «Ӯ  шино  карда  метавонад»,  гуфтан  маънои  кафолати  ҳаёт  надорад. Ҳатто беҳтарин шиновар метавонад, дар як лаҳзаи хастагӣ ғарқ шавад.

Омӯзиш ва маърифат.Ҳар кӯдак бояд қоидаҳои оддитарини амниятро дар об донад. Дарсҳои махсус дар  мактабҳо,  суҳбатҳои  тарбиявӣ  дар  хона  ва  гузаронидани машғулиятҳо бо иштироки мутахассисони наҷотбахш ин ҳамон чораи  аввалиндараҷаест,  ки  метавонанд  кӯдаконро  аз  марг наҷот  диҳанд.  Кормандони  ҳолатҳои  фавқулода  метавонанд, барномаҳои вижаи омӯзишӣ ташкил намоянд. Маъракаҳои иттилоотии телевизионӣ, радиоӣ ва интернетӣ бояд доимӣ бошанд.

Ҳушдор додан аз обҳои хатарнок.Соҳилҳои хавфнок бояд аломатгузорӣ шаванд. Дар ин самт ҷалби таваҷҷуҳи ВАО, пахши эълонҳо ва паёмҳои иттилоотӣ кори басо зарурист. Каналҳо, обанборҳо  ва  дарёчаҳо  бояд  бо  панҷара,  аломати  ҳушдор, лавҳаҳои «Оббозӣ манъ аст!» ва дигар василаҳои муҳофизатӣ таъмин шаванд. Дар ҷойҳое, ки кӯдакон зиёд ҷамъ мешаванд, ҳатто посбони ихтиёрӣ ё нозири ҷамъиятӣ масъул шавад. 

Ҷалби ҷомеа. Ҷомеа бояд бетараф набошад. Ҳар як шахс, хоҳ омӯзгор, хоҳ ҳамсоя ва хоҳ фаъоли ҷомеа бояд дар пешгирии чунин фоҷиаҳо нақши худро дошта бошад. Бояд ҳар як фарди  ҷомеа  дар  таъмини  амнияти  кӯдакон  саҳм  бигирад. Мушоҳида кардед - огоҳ кунед, агар дидед - кумак кунед.

ЯКЕ ҒАРҚ ШАВАД, ҲАМА МАСЪУЛЕМ

Баҳри  таъмини  амнияти  ҷонии  шаҳрвандон  ва  пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ дар ҳудуди вилоят дар асоси барқияи телефонии  Кумитаи  ҳолатҳои  фавқулода  ва  мудофиаи  граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 апрели соли 2025, №7/1-134, бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши ғарқшавии калонсолон ва ноболиғон дар иншооти обӣ, инчунин барои гузаронидани  корҳои  пешгирикунанда,  дастурдиҳӣ  ва  намоиши барномаҳои  омӯзишӣ  оид  ба  бехатарии  экологӣ,  санитарию эпидемиологӣ  ва  дигар  масъалаҳои  мавсими  оббозӣ,  сабти силсилабарномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ дар мавзӯи “Риояи қоидаҳои оббозӣ бо мақомотҳои дахлдор”, Нақшаи чорабиниҳои дахлдор аз ҷониби Кумита аз 4 апрели соли 2025, тасдиқ гардидааст. 

Аз тарафи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар мувофиқа бо Раёсати ВКД 
дар вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Идораи телевизион  ва  радиои  вилояти  Хатлон,  Раёсати  кор  бо  занон ва оилаи вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, нақшаи чорабиниҳо оид ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар моҳҳои май, июн, июл ва августи соли 2025 тасдиқ гардидааст ва оғоз аз 5 майи соли ҷорӣ то 14 август дар назар аст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ дар шаҳру навоҳии минтақаи Бохтар гузаронида шавад.

PS: Ғарқшавии одамон, хусусан кӯдакон фоҷиаи бузург аст. Ин танҳо дарди як хонавода нест, ин дарди ҷомеа  аст.  Вақти  он  расидааст,  ки  ҷомеа  ва  масъулон бо ҳамфикрӣ ва ҳамкорӣ дар самти пешгирии ин фоҷиаҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешанд. Бо як суҳбат бо фарзанд, бо як варақаи ҳушдор дар девори мактаб ва бо як ҳамкории  оддӣ бо  ҳамсоя.  Зеро   ҳар  як  иқдоми мо  метавонад  ҳаётеро  наҷот  бахшад.  Бахусус  ҷони кӯдакон, ки меваи ширини умри калонсолонанд.

Аҳадуллои МИРЗОАЛӢ, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода