Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Омодагиҳо ба таҷлили Рӯзи Ғалаба


Омодагиҳо ба таҷлили Рӯзи Ғалаба



Тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб бо баргузории  як  силсила  чорабиниҳои  тантанавии  фарҳангию маърифатӣ таҷлил карда мешавад.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти дав-латии вилояти Хатлон, 6 май дар шаҳри Кӯлоб баргузории конференси-яи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Қаҳрамонон намемиранд”, ба ифтихо-ри 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пешбинӣ гардидааст.


Рӯзи 8 май дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Раҳмон Мурчаеви шаҳри Бохтар маросими гулчанбаргузорӣ бар пояи муҷассамаи “Аскари номаълум” ва барномаи фарҳангӣ бахшида ба 80-солагии Рӯзи Ғалаба доир мегардад.


Дар  доираи  ҷашнвораи  Рӯзи  Ғалаба  дар  донишгоҳу  коллеҷҳо, муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ чорабиниҳои мухталифи ватандӯстӣ, инчунин аёдати сарбозони қисмҳои низомӣ гузаронида мешаванд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода