Занон — омили муҳим дар рушди нақлиёти ҷамъиятӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 318
![]()
Таҳти ҳамин унвон дар шаҳри Бохтар конференсия баргузор гардид. Чорабинӣ дар бинои ККВД “Бохтарнақлиётхизматрасон” бо иштироки намояндагони мақомоти маҳаллӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор шуда, ба баррасии нақши занон дар рушди ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ бахшида шуд.
Дар ҳамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси шаҳри Бохтар Юсуфзода Афзал ва намояндаи Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Хольгер Вифель иштирок ва суханронӣ карданд. Онҳо ба зарурати ҷалби бештари занон ба фаъолияти нақлиётӣ ва фароҳамсозии шароити мусоид барои онҳо таъкид намуданд.
Тавре зикр гардид, дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон», занони дорои шаҳодатномаи ронандагӣ имкони такмили ихтисос ва ба кор даромадан дар вазифаи ронандаи автобусро пайдо мекунанд.
Ташаббуси мазкур бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14 декабри соли 2023 оғоз гардида, ҳадаф аз он беҳтарсозии сатҳи хизматрасонӣ ва таъмини баробарии ҷинсӣ дар соҳаи нақлиёт мебошад.
Конференсия бо натиҷагирии муҳокимаҳо ва изҳори омодагӣ барои татбиқи амалии лоиҳаҳо ба кори худ хотима бахшид.
Набиҷони Саидаброр, "Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00